JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
 Устод Шодимуҳаммад Сӯфизода, Шумо ба унвони шахсияти матраҳи адабӣ, илмӣ ва фарҳангӣ солҳост миёни доираҳои илмӣ, ҳавзаҳои фикрӣ ва муҳитҳои мадании ҷумҳурӣ маъруфият доред. Шахсияти илмӣ, адабӣ ва иҷтимоии Шумо дар заминаи бардоштҳои илмию адабӣ ва мутолеоти густардаи адабиёти гуногунмуҳтавои русию урупоӣ шакл гирифта, ба таври тадриҷӣ рушд кардааст. Таҳсилу омӯзиш дар марказҳои бонуфузи шарқшиносии шӯравӣ, мутолеоти бардавоми осори адабию илмӣ, андӯхтани таҷриботи ҳавзаҳои илмӣ-фаннии ғарбӣ, сафарҳои зиёди хидматию таҳқиқӣ ба мамолики хориҷӣ, ковишу ҷустуҷӯҳои ҷиддии ихтисосӣ дар заминаи мероси сӯфия ва умуман, адабиёту фарҳанги минтақавию ҷаҳонӣ Шуморо миёни ҷомеаи маданӣ ва фаъолони илмию донишгоҳӣ минҳайси донишманди саршинос ва адабиётшиноси…
Агар то ибтидои асри ХХ 11% ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро пиряхҳо ишғол мекарданд, ин нишондиҳанда дар нимаи аввали асри ХХ 8% ва дар интиҳои асри гузашта ба 6% расидааст. Маҳз бар асари гармшавии иқлим ва афзоиши газҳои гулхонаӣ раванди обшавии пиряхҳои Тоҷикистон шиддат ёфта, то имрӯз беш аз 1000 пирях комилан об шудаанд. Агар раванди мазкур бо чунин тамоюл густариш ёбад, он гоҳ то соли 2050 бисёр пиряхҳои то 1 км2 масоҳатдошта пурра нобуд мешаванд ва майдони зери ях қарордошта дар бисёр минтақаҳои мамлакат то 20-25% кам мешавад. Дар ин бора Директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои…
Таҷлили Рӯзи устод Рӯдакӣ (22 сентябр), ки аз соли 2002 инҷониб дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, зарурати адабӣ, таърихӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ аст, чаро ки Устод аз ҷумлаи нахустшоирони файласуфи миллӣ буда, қабл аз ҳама, аз мавқеи як миллат намояндагӣ кардааст ва аз ҷузъитарин тасовир шуруъ карда, то куллитарин баррасиҳои эҷодиаш аз муҳиту фазои миллӣ сарчашма гирифтаанд. Ин аст, ки устод Рӯдакӣ дар мақоми нахустшоири файласуфи миллӣ қарор дорад ва ба таври густурда таҷлил гардидани Рӯзи Рӯдакӣ дар замони соҳибистиқлолӣ бояд ба мушаххасоти ҳувиятӣ ва миллӣ табдил ёбад. Рӯзи устод Рӯдакӣ, рӯзи тамаддуни шеърӣ ва ҳикмати назмист, ба…
Яке аз хурофазадагии асри имрӯз даъвои он аст, ки танҳо низомҳои динӣ гуё метавонанд мардумро ба саодат бирасонанд ва дунявияту низоми мардумсолорро ба ҳайси як низоми бидъат ва ғайриахлоқӣ таллаққӣ мекунанд. Ин навъи хурофот бештар марбут ба гурӯҳҳоест, ки аз дин ва боварҳои мардум сиёсат месозанд ва ба хотири расидан ба қудрат онро ба ҳайси як гузина истифода менамоянд. Мусаллам аст, ки як марҳилаи муайяни замони зиндагии башарият чӣ дар Аврупо ва чӣ дар соири кишварҳои дигар, динҳо ба ҳайси дастурҳои сиёсӣ хидмат намуда, як муддати муайян вазифаи ҳокимияти сиёсӣ низ бар души онон буд ва тамоми қавонини идоракунии иҷтимоӣ…
Не требуется доказывать такой очевидный факт, что периодический пограничный конфликт, как в прошлом, так и в настоящее время, особенно когда это происходит с ближайшими соседями – нежелателен, т.к. он губителен для сохранения мира, стабильности и развития каждой из сторон конфликта, так и Центральной Азии в целом. Не нужно забывать, что Таджикистан со дня образования, а особенно с периода приобретения независимости стремится решить все свои пограничные проблемы путем переговоров и даже компромиссов, а часто шёл на временные уступки, чтобы в наиболее сложное время не навредить мирному процессу развития региона.