Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибихтиёри тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад. Дар Конститутсия соҳибихтиёрӣ, истиқлол ва тамомияти арзии Тоҷикистон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шакли давлатдории Тоҷикистон, ҳадафҳои сиёсии дохилӣ ва хориҷии кишвар, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудаанд.