JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Дар замони муосир созмонҳои муҳимми террористиву экстремистии бо терроризми байналмилалӣ ва ифротгароии хушунатомез вобастабуда, ки ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфӣ доранд инҳо мебошанд: 1.ТЭТ ҲНИ Таърихи пайдоиши ин ҳизб ба солҳои 70 – уми асри XX, яъне замони барқарори ва пойдори собиқ империяи бузурги дунё Иттиҳоди Шȳравӣ рост меояд. Асосгузори он Саид Абдуллои Нурӣ мебошад, ки дар он солҳо ба таври махфиёна, зери пȳшиши дини муқаддаси ислом, фаъолият мекард.
Ду рӯз – рӯзҳои 11 ва 12 октябри соли ҷорӣ бо ибтикори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва мудирияти Маркази мероси хаттии АМИТ Ҳамоиши байналмилалии илмӣ-амалии “Ҷуғрофияи таърихӣ ва фарҳангии “Шоҳнома” бо ҳузури донишмандону коршиносону пажӯҳишгарони ватанию хориҷӣ, махсусан, шоҳномапажӯҳони минтақавӣ ва ҷаҳонӣ доир гардид. Аз ҷумла, чанд гузориши илмӣ тариқи маҷозӣ ё ба истилоҳ, онлайнӣ аз кишварҳои урупоӣ шунида шуд. Дар доираи Ҳамоиш масъалаҳои густараи ҷуғрофиёи “Шоҳнома”, манотиқи Ирону Тӯрон дар тасвиргаройии“Шоҳнома”, дин ва мазҳаб дар қаламрави “Шоҳнома”, огоҳӣ ва хирад аз дидгоҳи Фирдавсӣ, топонимика ва ҷойномҳо дар “Шоҳнома” ва амсоли инҳо мавриди радду бадал қарор гирифт ва гузоришгарони…
Мусиқӣ ба унвони ҳунар аз қадимтарин замонҳо ҳамқадаму ҳамнафаси мардум буда, дар ғаму шодӣ, бурду бохт, муваффақияту нокомӣ ва дарду ранҷ инсон ва дар маҷмӯъ, халқро шарикӣ мекардааст. Инсон танҳо дар қолаби мусиқӣ, ба истилоҳ «оҳи сабук» кашида, ба зиндагӣ аз нав дил мебандад ва камбуду навоқиси зиндагиро як лаҳза канор мегузорад ва дар партави созу овоз ба олами хаёлот сар зада, дар имтидоди маҳдуди замонӣ ормиши равонӣ ва ҷисмонӣ пайдо мекунад. Чун инсон дар гирудори умр ва мушкилоти зиндагӣ худро гум мекунад, тавассути мусиқӣ эҳсоси сабукӣ менамояд ва ин амал як навъ ҷуброн ва ё компенсатсияи равонӣ ва фикрӣ…
Забони гушода чу омад падид, Шуд он бандҳоро саросар калид. Фирдавсӣ Забон муҳимтарин воситаи робитаи байни инсонҳост ва ҳамчун падидаи иҷтимоӣ тайи таърихи зиндагии башарӣ муносбатҳои ичтимоиро ба танзим даровардааст. Ба сухани дигар, забон василаи баёни фикру андеша аст ва андеша ифодагари моҳияти инсон дар идомаи ҳастӣ мебошад. Имконоти дохилизабонӣ ва муҳитҳои фарҳангӣ ва маданӣ ба забон ва соҳибони он қудрат ва тавонмандӣ мебахшанд ва дар баробари мушкилоти гуногуни зиндагӣ муқовиматпазир месозанд. Ин нуқтаи назарро мо дар забони миллӣ – забони тоҷикӣ, ки мақом ва ҷойгоҳи давлатӣ касб кардааст, метавонем татбиқ кунем.
Соли 2022 аз таъсиси Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва соли 2023 аз саъю талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди рўзномаи оби Созмони Милали Муттаҳид, яъне аз қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар асоси нахустин ташаббуси ҷаҳонии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 сол сипарӣ мегардад. Бинобар ин, масъалаи таъсиси Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тавъам бо пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масоили об, иқлим ва экология миён омадааст.