Ҳар як таҳаввулот дар олами сиёсат, иқтисод ва илму техналогия ба вуҷуд омада ба ҳаёти башари таъсири амиқ гузошта, инсонҳоро баҳри тағийри ҳолат, муносибат ва фарҳанг ҷиҳати мутобиқ шудан ба вазъи нави ба миён омада, водор месозад. Дар заминаи тарақиёти техналогия, шароити наве барои зисту зиндагӣ фароҳам оварда шуд. Инсонҳо барои мутобиқ сохтани тарзи ҳаёту фаъолияти худ ба ин шароит баҳри такмили рафтор, гуфтор, ахлоқ, фарҳанг ва арзишҳои худ мепардозанд. Онҳо ҷиҳати қарор гирифтан дар замони муосир ва ба хотири мудерн шудан на фақат фарҳанг ва сару либоси худро тағийр медиҳанд, балки дар баробари ин муносибат ва афкори худро низ…