Дар ҳеҷ давру замон шумораи олимон, оқилон, донишмандон ва хирадмандон ба ин ҳад зиёд набуд, ки имрӯз ҳаст. Аммо ҳеҷ гоҳ башар то ба ин ҳад дар ҳалли мушкилии замони худ оҷиз набуд, ки имрӯз аст. Инсон чунин як зарфияти тағйири ҷаҳон, сафар ба кайҳон ва фароҳам овардани шароити зист дар онро пайдо намудааст, аммо дар баробари оддитарин мушкилҳои ҷамъиятиву ҷаҳонӣ ҳайрону нотавон аст. Ҷомеае, ки инсон онро сохтааст, дар он зиндагӣ кардан барои худи ӯ мушкил ва ҳатто номумкин гаштааст. Ҳамарӯза ҳазорҳо нафар дар ҷаҳон бо нишони эътироз аз ин навъи ҷомеа даст ба худкуши мезананд ва робитаи худро…