JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 16 Сентябри 2020 05:15

Истиқлоли фикрӣ ва мардумсолорӣ

Муаллиф:
Ба даст овардани истиқлол дар ҳар самту сӯйе баёнгари қудрат ва тавоноии миллат ва мардум аст. Бавежа, истиқлоли фикрӣ сатҳи баланди расоӣ ва балоғати насли башар маҳсуб ёфта, ба унвони пешзаминаи низоми муваффақи демокросӣ ва мардумсолорист. Бо таваҷҷуҳ ба мавзӯъ, чанд нуктаро ироа медорем: Якум. “Истиқлол” вожаи арабӣ буда, ба маъниҳои “бардоштан ва баланд кардан”, “баланд баромадан”, “ба ҷойи баланд омадан”, “озодӣ доштан”, “ба озодӣ коре кардан”, “бидуни мудохилаи касе кори худро идора кардан” (ниг.: Амид Ҳасан. Фарҳанги Амид. –Ҷилди аввал. –Теҳрон: Амири Кабир, 1381. –С.176); “дар тасмимот ё рафтори худ тобеи дастур ва хости дигарон набудан”, “доштани ҳақ ё…
Чоршанбе, 16 Сентябри 2020 05:07

Забони тоҷикӣ чун шеъри Рӯдакӣ зебост

Муаллиф:
Ашъори безаволи Рӯдакӣ дар ганҷинаи адаби мардуми форсизабон, алалхусус, халқи тоҷик саҳифаи пурҷилоест. Дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Рӯдакӣ ва фарҳанги ҷахонӣ», ки 6 сентябри соли 2011 бахшида ба 1150- солагии устод Абуабдулло Рӯдакӣ доир гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон аз рӯзгору осори алломаи тоҷик устод Абуабдулло Рӯдакӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Оли Сомон ёдовар шуда, ки аҳли эҷод ва мардуми фарҳангпарвари тоҷикро ба омӯзиши таърихи ниёгон, илму дониш, рӯ оварда, мардумро ба тарғиби ахлоқу одоби ҳамида, дӯстиву рафоқат, сулҳу созиш ва накӯкориву инсондӯстӣ даъват намуда буд.
Душанбе, 14 Сентябри 2020 11:55

Бузургтар аз шахсияти таърихӣ

Муаллиф:
Яке аз хислатҳои наҷибу беназир ва инсонмеҳвару зиндагидӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин аст, ки ин марди хирад, сиёсатмадори оқил ва роҳбари дурандеш зимни ҳар сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар ба мардум суҳбати ошкорою рӯ ба рӯ баргузор намуда, аз зиндагӣ ва фаъолияти ҳар як сокини он воқиф мегарданд ва бо ҷавонону наврасон ва пирону калонсолонро шахсан аҳволпурсӣ менамоянд. Ҳамин хислатҳои ҳамида ва наҷиби Роҳбари давлат аст, ки меҳру муҳаббат ва садоқату самимияти ин сарвари борикбину нуктасанҷро дар замири мардуми шарифи Тоҷикистон ҷой кардааст. Мардуми тоҷик, ки халқи заҳматкашу матинирода ва ростқавлу поквиҷдон аст, ҳар фарди некбину некандеш ва…
12 сентябри 2020 Тоҷикистон 5500 солагии Саразмро ҷашн мегирад. Бояд тазаккур дод, ки таҷлили ин ҷашн барои на танҳо тоҷикон ва мардуми ориёасл, балки кулли аҳолии минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти бузурги сиёсӣ ва геополитикӣ дорад. Ёдгории Саразм ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз сентябри соли 2000-ум мақоми ҳуқуқии "Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ"-ро соҳиб гардида, ба яке аз марказҳои муҳими ҳафриётии олами муосир табдил ёфт.
Дар остонаи 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муқаддастарин ва бузургтарин ҷашни мардуми тамаддунсози тоҷик мебошад ва инчунинин дар арафаи муҳимтарин чорабинии сиёсӣ- интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ иддае аз хоинони миллати тоҷик ва бадхоҳони давлат садо баланд карда, ба тӯҳмату бӯҳтони навбатӣ дар нисбати Ватан ва ҳамиллатони худ даст мезананд. Хоинони Тоҷикистон, то ҳанӯз аз нияту нақшаҳои харобиоварашон даст накашидаанд ва дар хориҷи кишвар бо кумаки хоҷаҳои берунии худ ба тӯҳматсозӣ ва дурӯғбофиву дасисабозӣ идома медиҳанд.