JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Мусаллам аст, ки Рӯзи ҷаҳонии фалсафа аз сӯйи Созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО панҷшанбеи севуми моҳи ноябри ҳар сол муқаррар гардидааст. Нахустин маросими бузургдошти Рӯзи ҷаҳонии фалсафа дар таърихи 21 ноябри соли 2002 иттифоқ афтодааст. Дар аксари кишварҳои дунё Рӯзи ҷаҳонии фалсафа панҷшанбеи севум ва ё охири моҳи ноябри сол таҷлил мегардад ва дар ин рӯз, ғолибан гузоришу суҳбатҳои файласуфони шинохта мавриди истимоъ ва баррасӣ қарор мегиранд. Дар Фаронса баъзан се рӯзро барои таҷлили ин Рӯзи ҷаҳонӣ ихтисос медиҳанд ва дар доираи чорабиниҳои фалсафӣ баҳсу мунозироти фалсафӣ бо ҳузури фаъоли занону бонувони файласуфи фаронсавӣ доир мегардад. Дар мамолики пасошӯравӣ суннати таҷлили Рӯзи…
Ҷаҳони имрӯза ва шаҳрвандони ҳамаи кишварҳои дунё оғоз аз аввали соли 2020 ба касалии сирояткунанда ва зуд паҳншавандаи «коронавирус» дучор гардидаанд, ки вобаста ба он бисёри корхонаю идораҳо бевосита аз шакли моликияташон фаъолияти худро дучанд паст кардаанд, ё ин ки муваққатан қатъ намудаанд. Чунин зуҳуроти ба амал омада шумораи бекоронро боз ҳам зиёд намуд ва он ба сатҳи зиндагии аҳолӣ ва вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакат таъсири манфӣ мерасонад.
Назарияи ҳар як илмро берун аз доираи таърихи он наметавон шарҳу баён кард. Зебоишиносӣ ба омӯзиши зуҳуроти адабӣ-зебоишиносӣ, муносибатҳо ва ҷараёнҳо, ки таърихан ба вуҷуд омада, дар инкишоф ва тағйирёбӣ қарор доранд, мувофиқ меояд. Таърихи қаблии зебоишиносӣ. Маҳз ҳамин устурашиносӣ манбаи донишҳои фалсафӣ ба ҳисоб меравад. Устурашиносӣ тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла масоили санъат, зебоӣ ва робитаҳои байниякдигарии ин ду падидаро фаро гирифта, инъикос менамуд.
Пешгуфтор Масъалаи ҷаҳонишавӣ ва таъсири он ба ҳувияти миллӣ ва хештаншиносӣ тайи се даҳаи охир мавриди баррасии соҳибназарони аксар кишварҳои ҷаҳон қарор гирифтааст. Дар раванди ҷаҳонишавӣ мардумони кишварҳои гуногун бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд ва ба ҳамдигар аз лиҳози сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ таъсир мерасонанд. Як гурӯҳ ин равандро ҳувиятзудо дарёфта, аз хатароти он сухан дар миён мегузоранд, гурӯҳи дигар бошад, баръакс, раванди ҷаҳонишавӣ ва наздикшавии миллатҳои гуногунро омили баланд шудани ҳувияти миллӣ меноманд. Онҳо муътақиданд, ки дар баробари шиносоии бештари миллатҳои дигар, намояндагони як миллат ба фарҳанг ва таърихи худ таваҷҷуҳи бештар намуда, худро бар баробари дигарон мегузоранд.…
Маълум аст, ки ҳар як давлати миллӣ дорои сарчашмаи ҳуқуқӣ – Конститутсия мебошад ва тарҳи ин сарсанади меъёрии ҳуқуқӣ бар асоси ормонҳо ва афкори поядори миллӣ рехта мешавад. Аз ин лиҳоз, мардуми тоҷик бо ормонҳои давлатдорӣ ба арсаи сиёсат ва давлатдорӣ қадам ниҳода, барои заминагузорӣ ва роҳандозӣ кардани лоиҳаҳои давлатҳои миллӣ ва дунявӣ беҳтарин бовару асотир бофтаву пардохтааст, ки дар сохтмони давлатҳои минбаъдаи дунявӣ ба сифати манбаи зарурӣ хидмат намудаанд. Муҳаққиқон, бо назардошти шароит ва вазъи номусоиди глобалӣ, таҳкими фарҳанги бумиро бар пояи ҷаҳонбинӣ ва идеологияи воқеъбинонаи миллӣ, ки дар бовару асотири паҳлавӣ ва манобеи асримиёнагӣ дарҷ гардидаанд, ҳукми зарурат…