JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 06 Январи 2021 04:36

Нодонӣ, ҷаҳл, таассуб...

Муаллиф:
Гоҳо инсон сахт шигифтзада мешавад, ки мо дар кадомин қарн ва кадомин навъи ҷомеа ба сар мебарем. Хурофазадагиву таассубандешӣ то ҳаддест, ки ҳеҷ бовар кардан намешавад, бо мардум ва ҷомеае ба сар мебарӣ, ки онҳо дар қарни 21 зиндагӣ доранд. Аз ҳамаи дастовардҳо ва фанновариҳои илмӣ истифода менамоянд, аммо он қадар таассубзадаву хурофотиянд, ки ҳатто таҳаммули одитарин назари илмиро надоранд. Он қадар таассубзадаву хурофотиянд, ки гумон мекунанд, ҷуз боварҳояшон ҳақиқате вуҷуд надорад.
Вазъияти дар кишварҳои арабӣ бавуҷудомада бозгӯкунандаи он аст, ки қудратҳои ҷаҳонӣ барои тавсеа додани манфиатҳои хеш дину мазҳабро ҳамчун як василаи сиёсӣ истифода намуда, пайравони мазоҳиби исломиро дар мухолифи ҳам қарор медиҳанд. Мусаллам аст, ки дар давоми дусад соли охир ҳамеша қудратҳои сиёсӣ барои тавсеаи манфиатҳои хеш бо истифода аз сиёсикунонии ислом, ихтилофҳои мазҳабию диниро роҳандозӣ карда, даҳҳо ҷараёну равияҳои навини ифротиро дар ин кишварҳо ба вуҷуд оварданд. Бояд қайд кард, ки дар муқаррароти динӣ арзишҳо муқаддас ва тағйирнопазиранд. Ҳол он ки ҷомеаи инсонӣ ва табиати инсон ҳамеша дар ҳоли дигаршавӣ ва тағийрот қарор дорад. Аз ҳамин ҷо тазод байни…
Дар пешорўйи ҳар соли нав, ки анъанаест бозмонда аз даврони Шўравӣ, бештар ду нигоҳ фарогирандаи зеҳн ва шуури ҳар як инсони андешаманд мебошад. Яке, нигоҳ ба он чи ки гузашт ва дигаре, нигоҳи ояндае, ки моро интизор аст. Баъзан ташвишҳову нигарониҳо аз имрўзу оянда барангезандаи ҳолати навмедии инсон мешаванд. Ин ҳолат аз он сарчашма мегирад, ки инсонҳо ба амалишавии барномаҳои тарҳрезишудаи худ бовар надоранд. Аз нигоҳи равоншиносӣ, ягона ҳолате, ки дар рўҳияву зеҳни инсон ангезаи муҳаббат ва маънои зиндагӣ мебахшад, умед аст. Умеду орзуҳо сарчашмаҳоеанд, ки ояндаи зеҳни ҳар инсонро пешгўйӣ мекунанд. Яъне, нигариш ба оянда аз умедҳо файзёб шуда,…
Бисёре аз кишварҳои рӯ ба рушди бо даромади кам дар банд гирифтор шудаанд. Дар ин навъ кишварҳо бахши хусусӣ кӯчак ва заиф буда, бо норасоии кадр, фановарӣ, сармоя, эътимод ва мудирияти дуруст рӯ ба рӯ аст. Истеҳсолкунандагони маҳаллӣ наметавонанд бо гигантҳои ҷаҳонӣ дар бозори озод рақобат кунанд. Дар ҳамин шароит интизор меравад, ки ҳукумат кишварро аз қашшоқӣ раҳо кунад, аммо ҳукумат худ низ бо мушкилоти гуногуне монанди бесамарӣ, фасод, адами истеъдод ва иттилоот, расмиятгароӣ ва фишори сиёсӣ гирифтор аст. Сиёсати нодуруст, иқтисоди бидуни пешрафт ва бесуботии иҷтимоӣ вазъи якдигарро бадтар мекунанд. Кишварҳо, пеш аз он ки ҷаҳиши иқтисодӣ дошта бошанд,…
Ҳизбҳои сиёсӣ, ки ҷамъияти ихтиёрии шаҳрвандон буда, барои ноил шудан ба ҳадафҳои сиёсӣ ва ба даст овардани ҳокимият дар доираи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ байни ҳам дар рақобат ҳастанд, ҷиҳати расидан ба мақсадҳои оинномавӣ ва ҷалби бештари тарафдорон, инчунин баҳри ҳар чӣ зиёд намудани аъзо, асосан аз роҳҳои гуногуни ­таблиғотӣ истифода мебаранд. Ин аст, ки кори таблиғотиро метавон фаъолияти асосии онҳо арзёбӣ намуд. Зеро маҳз интихоби дурусти самти фаъолият ва фаро гирифтани масъалаҳои мубрам дар оинномаи ҳизбҳо метавонад шумораи аъзо ва ҷонибдорони онҳоро бештар намояд.