JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
 Имсол аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бисту чор сол сипарӣ мешавад. Бо шарофати ба имзо расидани ин Созишномаи тақдирсоз мо тавонистем ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳалаи нави таърихи Тоҷикистон — гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти иқтисодии кишвар ва рушди он оғоз намоем.
Мардуми форсу тоҷик аз қадимтарин даврон ормони сохтани давлат ва ҷомеаи бозу солимро, ки бар мабнои донишу хирад ва меҳру отифат устувор мегардад, дар дил мепарварид. Ормонҳои бостонии миллӣ дар заминаи сохтмони давлати дунявӣ ва ҷомеаи секулорӣ дар бовару асотири қадима инъикос ёфтаанд. Бар ин маъно устураҳои дерина ва дерпойи Симурғ, Ҷамшед, Фаридун, Кова, Соми Наримон, Золи Зар, Рустам, Сиёвуш ва амсоли инҳо бозгӯкунандаи ормонҳои миллӣ дар заминаи давлатсозӣ ва ҷомеаофарии дунявӣ мебошанд. Ҳанӯз дар қадимтарин бовардоштҳои миллӣ симои шахсиятҳое, ки барои дунявият ва тарзи мудирияту ҳамзистии дунявӣ талош варзидаанд, меҳварӣ буда, онҳо ба унвони улгӯ васфу ситоиш шудаанд. Бавижа,…
Центральная Азия в настоящее время переживает комплекс трансформаций в политической, экономической и общественно-духовной жизни. Фаза налаживания и перестраивания отношений между республиками ЦА уже пройдена, что подчеркивалась во многих встречах на высшем уровне, в научных и деловых кругах. Пограничная проблема, также отчасти между несколькими странами региона также нашла своё решение и они находятся в заключительном этапе решения данного вопроса. Осталось решить проблему демаркации и делимитации границ между Киргизией и её соседями Таджикистаном и Узбекистаном.
Таърихан рағбат ба омӯзиши муносибати ташкилотҳои тартиботи хуқуқӣ ва ҷамъият ҳамеша дар мадди назари мутафаккирони Ғарб қарор дошт. Дар давраҳои гуногуни таҳаввулоти ҷамъият омӯзиши назарияҳои ташаккули ҷамъияти шаҳрвандӣ, вобаста ба тағйирёбии сохти он шакл ва мазмуни нав мегирад. Бинобар ин ҳам ҳолати ҷамъияти шаҳрвандӣ, махсусан дар назарияҳои файласуфони асри миёна ва давраи нав бо ҷузъиётҳои назариявӣ ва гоҳо куллӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Аз ин сабаб таҳлили таърихии фалсафӣ-иҷтимоии ин масъала нисбати ташаккули ҷамъияти шаҳрвандӣ, яке аз масъалаҳои баҳсбарангез ва мубрам ба шумор меравад.
Чунонки дар боло ишора шуд, на ҳамаи фаъолиятҳои инсон ба воситаи шуури ӯ танзим мешаванд. Як идда аз фаъолиятҳои инсон ба таври ғайрииродӣ мустақиман тавассути зершуур, ки дар он барномаҳо ва дастурамалҳои фитрӣ аз тариқи генҳо сабт шудаанд, танзим мегарданд. Масалан, фаъолияти дастгоҳи нафаскашӣ, низоми ҳаракати хун, инстинктҳову рефлексҳо, ниёзмандӣ ба хоб ва амсоли инҳо аз қабили фаъолиятҳои доимиву хеле муҳими ҳаётии инсон мебошанд, ки бидуни дахолати ақлу иродаи мо ба таври фитрӣ ва табиӣ мунтазам ва хеле дақиқ танзим мегарданд. Ин қабил фаъолиятҳои ба таври табиӣ барномарезишуда мутлақан таҳти таъсири омилҳои фитрӣ қарор дошта, дахолат дар танзими онҳо ба…