Агарчи решаҳои хурофот нодонӣ дар баробари ҳаводис ва тарси вуҷудӣ дар баробари онҳо бошад ҳам, вале дар зинаҳои баъдии ташккулёбии инсонҳо шаклгирии ҷомеаи табақотӣ, ба вуҷуд омадани давлат ба ҳайси як ниҳоди асосии идоракунии иҷтимоӣ аз хурофот ва боварҳои хурофӣ суистифода гардидааст. Аксаран дар ҷомеаи табақотӣ нафароне, ки идораи иҷтимоӣ дар дасташон буд, ҳамеша кӯшиш мекарданд, худро дар баробари боқимондаи мардум бартар нишон диҳанд ва ҷиҳати ин ки ин бартарият дар чашми мардум ба тарзи муъҷизаосо ифода ёбад, ниёзе доштаанд, ба мубалиғон ва тафсиргароне, ки вуҷуд, ҳолат, вазъият ва истеъдоди онҳоро фарозаминӣ баён созад.