Ростӣ, дар мавриди шахсиятҳои матраҳи иҷтимоию сиёсӣ, илмию адабӣ ва ҳунарию маданӣ, ки бар иловаи бузургӣ аз самимияту отифат, хоксорию назокат ва илтифоту одамияти баланде бархӯрдоранд, чизе арзандаю шоиста навиштан ва гуфтан кори саҳлу осоне нест. Аз тарафи дигар, шинохти дурусти чеҳраҳои миллию фаромиллӣ ва дар айни замон муаррифии шоистаю боистаи афроди содиқ ба халқу миллат ва касбу ҳирфа, ки дар ҷомеа зиёд ҳам нестанд, вазифаю рисолати фарҳангиёну зиёиёни ватанӣ аст. Иттифоқан, дар шароити имрӯзӣ, ки буҳронҳои ҳувиятию фикрӣ ва маданию ҳунарӣ бо суръати тамом дар баданаҳои иҷтимоӣ реша давонида, дар сатҳҳои гуногуни иҷтимоӣ як навъ ниҳодина мешаванд, аз тариқи…