JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Дар оғози пайдоиш то ба имрӯз инсоният ба бисёр кашфиёту ихтироот даст ёфтааст. Дар ин баробар ба нокомиҳову талхрӯзгорӣ ҳам рӯ ба рӯ гаштаву онро аз сар гузарондааст. Зиндагии инсонҳо ду рукни асосиро ташкил медиҳад, ки онро моддӣ ва маънавӣ унвон медиҳанд, агарчи дар моддиёт дастовардҳои бузург овард, вале дақиқан то ҳол ба умқи кашфи маънавиёт нарасидааст. Бузургворе дар ҷашни яксолагии фарзандаш, ба ӯ мегӯянд: «Фарзандам! Як баҳору як тобистон, як тирамоҳу як зимистонро дидӣ! Аз ин пас, ҳама чизи ҷаҳон такрорист, ба ҷуз меҳрубонӣ…!». Бале, ҳақ бо он бузургвор аст, ки борикбинона ҷамъи зиндагиномаи одамиятро дар ду ҷумла изҳор…
Инсонҳо бо баробари тавллид шудан соҳиби андеша ва тафаккур нестанд, тарзи андеша ва мафкураи ҳар инсон дар заминаи маънавиёти як ҷомеа ва тарзи тарбия рушд меёбад. Дар раванди ташакулёбии фард ва иҷтимоишавии он пеш аз ҳама таъсири тарбияти хонаводагӣ ва омӯзишу парвариш, таъсири аҳли ҷомеа ниҳоятан муҳим аст. Ҳеҷ инсон бо тавллиди хеш мутааллиқ ба арзишҳои хуб ё бад нест. Он дорои имконияти касби дониш, фарогирии маънавиёт ва рушди шахсияти хеш аст. Муҳим он аст ки ба фард ҷиҳати тарбият намудани он кадом навъи ғизои маънавӣ пешниҳод мегардад. Муҳити иҷтимоӣ ва махсусан маънавиёти тарзи андеша ва навъи бароварда кардани ниёзҳои…
Забон, ба назари файласуфи шаҳири садаи бисти олмонӣ Мартин Ҳайдеггер, “хонаи вуҷуд аст” ва олами ҳастиро бидуни дар назар гирифтани такаллум ва муоширати забонӣ аслан арзиш надорад. Гузашта аз ин, забон воқеият, таърих, сиёсат, тамаддун, фарҳанг ва моддиёту маънавиёти як қавму миллатро дар ойинаи тамомнамои худ таҷассум мекунад. Забони форсии дарии тоҷикӣ, новобаста аз шебу фарози рӯзгор ва фишору тааррӯзи дохилию хориҷӣ тайи таърихи тӯлонӣ аз миллат ва фарҳанги миллӣ дифоъ кардааст. Ба сухани равшантар, забони мо ҳувият ва пайкари миллатро аз газанди рӯзгор ҳифзу ҳимоят кардааст ва то имрӯз ҳамин рисолатро иҷро менамояд. Дар ин робита ва дар партави…
Бо назардошти оне, ки миллати тоҷик тӯлӣ зиёда аз ҳазор сол дар ҳолати бедавлати қарор дошт ва инчунин як қисмати таърихи дури миллат дар даврони Шӯравӣ буд,ба даст овардани Истиқлол баҳри шаклгири давлати миллӣ ва эҳёӣ фарҳанг ва арзишҳои миллӣ мусоидат намуд. Яке аз сабабҳои вуҷуди миллати тоҷик дар тӯлӣ таърихи ҷаҳон бо вуҷуди бедавлати баъд аз аҳди Сомониён ин забони миллӣ мебошад. Бо шарофати ҳифз ва инкишофи забони тоҷикӣ дар тамоми таърих, имрӯз миллат соҳиби давлати миллии худ буда, соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии давлатро таъмин намудааст. Ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ имкониятҳои фарохро баҳри бунёди давлати миллӣ фароҳам овард. Яке…
Ҷумъа, 01 Октябри 2021 11:32

Дар қутби илму фарҳанги миллӣ

Муаллиф:
(Шодбошии аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба ифтихори зодрӯзи табиатшинос, кайҳоншинос, файласуф, муаррих, фарҳангшинос, андешаманд ва равшанфикри миллӣ устод Акбар Турсон) Аз солҳои шастуми садаи бист шурӯъ карда, илм ва фарҳанги миллӣ дар симои устод Акбар Турсон такягоҳ ва пуштибони воқеии худро дарёфт. Воқеан, бо вуруди устод ба муҳит ва фазои илмию фаннӣ ва эҷодию мадании миллӣ тағйироти куллие дар арсаҳои кайҳоншиносӣ, тоҷикшиносӣ, ватаншиносӣ, ҷуғрофиёи таърихӣ, қаламрави аҷдодӣ, ҳофизаи миллӣ, хештаншиносӣ, фарҳангу тамаддуни бумӣ ва дар маҷмӯъ, ҳувиятмадории тоҷикӣ ба вуҷуд омад. Академик Акбар Турсон як умри азизи хешро сарфи омӯзишу таҳқиқи масъалаҳои умдаи кайҳонӣ, фалсафӣ, равонӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ…