JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Мусаллам аст, ки дар кишварҳои мусулмонӣ ва махсусан, Шарқи исломӣ, коргардонони бозиҳои геополитикӣ барои расидан ба ҳадафҳои сиёсию иқтисодӣ бештар аз ҳассосиятҳои динию мазҳабӣ кор гирифта ва мегиранд. Тавре ки ба назар мерасад, дар шароити феълӣ истифода аз таассуби мазҳабӣ минҳайси мафкураи фарогир бештар таҳаққуқ пайдо кардааст. Таърихи бозиҳои сиёсӣ ва бархӯрдҳои геополитикие, ки бар мабнои исломи сиёсӣ дар манотиқи Шарқи мусулмонӣ ҷур шудаанд, баёнгари он аст, ки аз нимаи дуюми асри нуздаҳум коргирӣ аз исломи сиёсӣ ва ба манофеи ҷомеаи сармоядорӣ истифода ва сӯъистифода шудани он аз силсилаи барномарезиҳои калидии қудратҳои вақти ҷаҳонӣ ба шумор мерафтааст. Минбаъд сӯъистифодаи дин…
Ҷумъа, 20 Августи 2021 05:08

Зарурати худшиносии миллӣ

Муаллиф:
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди таҳкими сулҳу субот ва давлатсозиву давлатдории навини худ баҳрабардорӣ аз арзишҳои волои таърихиву фарҳангӣ, таблиғи ҳувияти милливу ифтихори ватандорӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ба шоҳроҳи созандагиву ободонии ин сарзамини аҷдодӣ раҳнамоӣ кардан ва сарфарбар намудани мардумро воқеан ҳам дар маркази сиёсати давлатӣ қарор додааст. Ба ибораи дигар, ҳифз кардан, омӯхтан ва омӯзонидан, инчунин таблиғи арзишҳо ва анъанаҳои неки таърихиву фарҳангиро ба сатҳи давлатӣ бардоштем ва чунон ки имрӯз мебинем, мафҳумҳои истиқлол ва озодӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, тамомияти арзӣ, ободии Ватан ва созандагӣ на танҳо ҳамчун ғояҳои умумимиллӣ пазируфта шудаанд, балки ба ҳайси қутбнамо дар тафаккури мардумамон…
Ҷумъа, 20 Августи 2021 04:43

Фарҳанги миллӣ ва таҳоҷуми аҷнабӣ

Муаллиф:
Инсон, аз рӯзе ки худро дар баробари ҳастию вуҷуд шинохт ва ба сатҳи огоҳии ибтидоӣ расид, аз рӯйи тавону қудрат тариқи илму ҳунару эҷод ба зиндагӣ маъно бахшида, замон ба замон, давра ба давра ва марҳила ба марҳила дастовардҳои моддию маънавӣ офарид, ки ҳамагӣ дар мафҳуми фарҳанг мунсаҷим мешаванд. Минбаъд, чун имконоти моддию маънавии инсонӣ бартар шуд ва шаҳди қудрату тавони ҷисмониро чашид, тасмим гирифт, ки хосту ғаризаҳояшро болои мардум ва ҷомеаи камзарфият ва камқувват таҳаммул созад. Аз ин ҷо раванди таъсиррасонӣ ва таъсирпазирӣ дар таърихи башарӣ машрӯият пайдо намуда, фазосозии сиёсӣ, мафкуравӣ-идеологӣ, зеҳнӣ ва фарҳангӣ дар ҳавзаҳои иҷтимоӣ шакл…
 Мазҳаби зиндадилон хобу парешонӣ нест, Аз ҳамин хок ҷаҳони дигаре сохтан аст! Иқболи Лоҳурӣ Суботи сиёсӣ ва рушди ҷомеа ду қутби ба ҳам алоқаманди ҳаёт ва пойдориву рифоъи ҷомеа ба шумор мераванд. Вале ин ду арзиш баъзан дар лаҳзаҳои тақдирсози таърих дар ҳоли таззод қарор мегиранд. Аз ин рӯ ба вуҷуд овардани ҳамоҳангӣ дар байни оромиш(субот) ва пешрафт (рифоъ) ҳунар, фаҳм ва истеъдоди махсуси раҳбарияти сатҳи миллӣ ва маҳаллиро талаб мекунад, то ки мо тавониста бошем, ки бе истифода аз парешонӣ ва шикасту рехт, «аз ҳамин хок ҷаҳони дигареро», воқеан, ҷаҳони беҳтару олитаре сохта бошем.
В начале, хотел бы вкратце акцентировать внимание на сам термин «гибрадная война», степень ее изученности научными и экспертными кругами. Как известно, вторая мировая война 1941 – 45 годов была самой кровопролитной войной, унесшей миллионы жизней во всем мире. С целью недопущения в дальнейшем развязывание аналогичных войн, была создана Организация Объединенных Наций и принят ее Устав. Согласно 2 статьи Устава, наложен запрет на ведение глобальных/ мировых войн, в т. ч. с применением ядерного, химического, бактериологического и иного оружия.