Мусаллам аст, ки як роҳи бурунрафт аз мушкилоти зеҳнию фикрӣ, тамоюли кӯрзавқию безавқӣ, заъфи гироишоти миллӣ ва билохира буҳронҳои ҳувиятӣ ҳадафмандона барномарезӣ ва роҳандозӣ намудани маҳфилу нишастҳо, базму маъракаҳо ва озмуну фестивалҳо мебошад. Махсусан, бо ҳузури васеи ҷомеа ва табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ давра ба давра ва марҳила ба марҳила гузаронидани маҳфилу озмунҳои фарҳангию ҳунарӣ раванди завқписандӣ, зебоишиносӣ, худогоҳӣ, фазилатмандӣ ва ҳувиятсозии миллиро таҳкиму тақвият бахшида, роҳро барои расидан ба қуллаҳои баланди мурод – бунёду сохтмони давлати миллию дунявӣ ва ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ ҳамвор месозад. Дар зимн, баланд бардоштани сатҳи завқу салиқаи бадеӣ-эстетикӣ, арҷгузорӣ ба мероси фолклорӣ-этнографӣ, эҳёи суннатҳои маҳаллию мардумӣ…