JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Миёни муҳаққиқон ва файласуфон сари таснифоти илмҳо ва ҷойгоҳи антропология ҳамчун илми алоҳида баҳсҳои ҷиддие матраҳ нагардидааст, аммо воқеиёте дар ин замина ба мушоҳида мерасад. Муҳитар аз ҳама, баҳс сари таснифоти илмҳо, чи дар осори файласуфони юнонӣ ва чи дар мероси файласуфони форсу тоҷик собиқаи тӯлонӣ дорад. Ин аст, ки мо ба чунин баҳсе иқдом мекунем ва сараввал ба масъалаи ҷойгоҳи антропология дар таснифоти Арасту таваҷҷуҳ намуда, пасон масъалаи марбутаро дар низоми таснифотии Арастуи сонӣ – Абунасри Форобӣ дунбол мекунем.
Дар осори пурарзиши устоди шоирони Аҷам, поягузори адабиёти форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ чеҳраҳои асотирӣ, фолклорӣ, таърихиву фарҳангӣ бо корномаву шахсияти онҳо бозтоб шудаанд. Маликушуаро Рӯдакӣ ҳамчун шоири тавонову донишманди нотакрор аз таърихи гузашта ва махсусан, аз чеҳраҳои мондагори қаҳрамониву паҳлавонии фолклориву асотирии бостонии ориёиву сомӣ огоҳӣ доштааст. Дар ашъори ӯ ҳама гуна ёдгориҳои таърихиву асотирӣ, бахусус, ҷойҳои таърихӣ, ёдгориҳои таърихӣ-ҷуғрофӣ, чеҳраҳои таърихӣ, симоҳои асотирӣ - афсонавӣ, унсурҳои асотирии тахайюлӣ, зикри номи ҷирмҳои осмонӣ ва ғайра инъикос ёфтаанд. Устод Рӯдакӣ дар осори хеш образҳои фолклориву таърихии Ҳотами Той, Луқмони Ҳаким, Кисро (Хусрави Парвиз), Рустам, Сифандиёр (Исфандёр), Сом, Лайливу Маҷнун, Юсуф ва…
Ҳар як миллат тайи таърихи мавҷудият давра ва мароҳили бозсозию бозофаринии зеҳнию ақлониро пушти сар мекунад, ки дар қолаби Эҳё ё Ренессанс (Ренесса́нс аз забонҳои фаронсавии “Renaissance”, италиявии “Rinascimento” ва лотинии “renasci” ба маънои “навтавлидшавӣ, эҳёшавӣ”) мунсаҷим мешавад. Эҳё ё Ренессанс раванди бозтавлидӣ ва азнавофаринии илму ҳунару фарҳанги классикию намунавӣ дар таърихи башарӣ мебошад. Ба ин маъно, халқияту миллиятҳои пешрафта ва мутамаддин ба хотири таъмини манофеи миллию фарҳангӣ намунаҳои баланди фалсафӣ, маданӣ, илмӣ, ҳунарӣ ва эҷодии худро аз нав зиндаю эҳё мекунанд.
Фарҳанги мардум ва ё адабиёти омиёна мероси фарҳангии арзишмандест, ки аз сина ба сина ва аз насл ба насл мегузарад ва орзуву ормонҳои бадеиву зебопарастонаи мардуми одиро ифода менамояд. Ин фарҳанг ҳанӯз дар замони хеле қадим, дар давраи ташаккули афкори бадеӣ ба вуҷуд омада, дар пайвастагӣ бо раванди умумии адабӣ то ба дараҷаи як адабиёти густурда расидааст. Дар адабиёти мардумӣ муҳимтарин махсусиёти зиндагии мардумӣ инъикос гардида, тақдир, орзуву омол ва сарнавишти халқ бо забони ширину равон ифода мешавад. Аз ҳамин сабаб, муҳаққиқон омили асосӣ ва бунёдиеро, ки боиси пайдоиши ин фарҳанг мегардад, орзуву ормонҳои мардуми ранҷбар дар қолаби эҷоди бадеӣ…
Халқи тоҷик дар соҳаи адабиёт, мусиқӣ, меъморӣ ва санъати ороишию амалӣ мероси гаронбаҳоеро доро мебошад. Дар рустоҳои кӯҳистони минтақаҳои Кӯлоб, Қаротегин, Дарвоз, Помир ва Зарафшон, ҳамчунин дар шаҳрҳои бузург , мисли Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Ҳисор ҳунармандону косибон ва чеварони тоҷик услуби гулдӯзиву матоъҳои зебову рангин, кулолгарии бадеӣ, масолеҳи чӯбӣ, ороишоти меъморӣ, сикказанӣ (торевтика) ва ғайраро таҳия ва роҳандозӣ мегаштанд.