JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
«Неоднократные нарушения государственной границы со стороны кыргызских пограничников показали, что группа представителей новой кыргызской элиты имеют цели повышения своего имиджа в сфере государственной политики», — заявил член корреспондент НАНТ, доктор политических наук, профессор Абдурахмон МУХАММАД.
Душанбе, 19 Сентябри 2022 06:22

Ҷиноятҳои зиддибашарии қирғизҳо

Муаллиф:
Иғвои охирини ҳукумати нолоиқи Қирғизистон бар зидди мардуми тоҷик нишон дод, ки ин ҷинояткорон як давлатро низ дар асоси ҳамон қонунҳои ҷиноии худ идора карда истодаанд. Ҳарбиёни бешарафи ин кишвар бо фармони раҳбарони ҷинояткори худ аввал ба сарҳадбонони мо ҳамла карданд ва баъди зарбаи ҷавобии ҳомиёни шермарди Тоҷикистон тамоми конвенсияҳои байналмилалиро нақз карда, ҳадафмандона мардуми осоиштаро мавриди ҳамла қарор доданд. Онҳо дар ин ҷинояти зиддибашарии худ аз тамоми намуди яроқ истифода бурда, афроди мулкии зиёдеро ба қатл расониданд. Ин ҷинояти зиддиинсонии қирғизҳо бояд тафтиш ва гунаҳгорон ба суди байналмилалӣ кашида шаванд.
Чанде қабл монографияи олими ҷавони тоҷик, номзади илмҳои техникӣ Н.Б. Қурбонов ва олими рус, доктори улуми кимиё, профессор Г.Т. Фрумин таҳти унвони «Влияние изменения климата на условия формирования и химического состава водных ресурсов бассейна реки Зерафшан», ки тавассути нашриёти байналмилалии LAP LAMBERT Academic Publishing дар ҳаҷми 145 саҳифа ба нашр расидааст, дастрас гардид. Монография дар асоси натиҷаҳои тадқиқоти муштараки чандинсолаи олимон таълиф ёфта, аз ҷониби академики Академияи миллии илмҳои Украина Гончарук В.В., профессори Донишгоҳи давлатии Ереван Варданян Т.Г., профессори Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон Ҳикматов Ф.Ҳ. ва профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Раҳимов А.И. баҳои сазовор гирифтааст. Зеро он фарогири мавзуъҳои ба ҳам…
Ба даст овардани истиқлолу озодӣ дар ҳар самту сӯйе баёнгари қудрат ва тавоноии миллат ва мардум аст. Бахусус, даст ёфтан ба истиқлоли зеҳнӣ сатҳи баланди расоӣ ва балоғати насли инсонӣ дар таърихи башарӣ ба шумор рафта, он ба унвони пешзаминаи низоми муваффақи демократӣ ва дунявӣ шинохта шудааст. Гузашта аз ин, ҳар миллате, ки дар доираи тавонмандиҳои фикрию ҷисмонӣ ва қудрати равонию иҷтимоии худ ба дараҷаи истиқлоли зеҳнӣ расидааст, дар партави рушди фикрӣ озодию истиқлоли сиёсию давлатӣ ба даст оварда, дар қатори миллатҳои қудратманду мутамаддини ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Ин аст, ки истиқлоли зеҳнӣ заминаи истиқлоли сиёсию миллӣ мебошад ва миллат, пеш…
Мусаллам аст, ки дар кишварҳои мусулмонӣ ва махсусан, Шарқи исломӣ, коргардонони бозиҳои геополитикӣ барои расидан ба ҳадафҳои сиёсию иқтисодӣ бештар аз ҳассосиятҳои динию мазҳабӣ кор гирифта ва мегиранд. Тавре ки ба назар мерасад, дар шароити феълӣ истифода аз таассуби мазҳабӣ минҳайси мафкураи фарогир бештар таҳаққуқ пайдо кардааст. Таърихи бозиҳои сиёсӣ ва бархӯрдҳои геополитикие, ки бар мабнои исломи сиёсӣ дар манотиқи Шарқи мусулмонӣ ҷур шудаанд, баёнгари он аст, ки аз нимаи дуюми асри нуздаҳум коргирӣ аз исломи сиёсӣ ва ба манофеи ҷомеаи сармоядорӣ истифода ва сӯъистифода шудани он аз силсилаи барномарезиҳои калидии қудратҳои вақти ҷаҳонӣ ба шумор мерафтааст. Минбаъд сӯъистифодаи дин…