JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Масъалаи нерӯи инсонӣ ҳамчун падидаи махсуси иҷтимоӣ ҳамеша мавриди баррасӣ ва таҳқиқи ҷомеашиносон қарор гирифтааст. Бино ба таълимоти сотсиология «инсон ҳамчун шахс таваллуд намешавад, балки ба шахс табдил меёбад».[4.133] Раванди ташаккули нерӯи инсонӣ низ як раванди иҷтимоӣ аст, ки бо раванди иҷтимоишавии шахс алоқамандии зич дорад. Вақте ки мафҳуми «нерӯи инсонӣ» истифода мешавад, ба таври интуитивӣ, мо тахмин мезанем, ки мо дар бораи моликият ва иқтидоре сухан меронем хусусиятҳои шахс, гурӯҳ ва ҷомеа пеши назар меоянд, ки дар шароити муайян ба одамон барои ҳалли масъалаҳои ҳаётӣ кӯмак мерасонанд ва дар амалияи иҷтимоӣ аллакай истифода шудаанд: «Ҷавҳари нерӯи инсониро қобилият ташкил…
Пеш аз ҳама бояд қайд намуд, ки “ҷангҳои иттилоотӣ” яке аз технологияҳои калидии “ҷангҳои омехта” ба ҳисоб мераванд ва ба амнияти миллии тамоми кишварҳои ҷаҳон таҳдид доранд. Аз ҷиҳати назариявӣ ва амалӣ исбот шудааст, ки “ҷангҳои иттилоотӣ” як навъ таъсири мақсадноки иттилоотӣ барои ба даст овардани манфиати сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомии субъектҳои пиёдакунандаи чунин ҷангҳо маҳсуб мешаванд. Ба ин масъала ҳанӯз соли 2009 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ишора карда буданд: «Вобаста ба ин, мехоҳам таваҷҷӯҳи шуморо ба масъалае ҷалб намоям, ки имрӯзҳо…
Мутобиқи моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам пазируфта шудааст. Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, Ваҳдати миллӣ ва саъйу талоши пайваста ба хотири ободию осудагии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад. Бо шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент, марзу буми воҳиди Тоҷикистон касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз Ватану ватандорӣ фаро мегирад ва чунин эҳсосоти гарм, махсусан дар замони соҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз, зери мавҷҳои Парчами давлатӣ боз ҳам фараҳбахшу гуворо ба ҷилва меоянд.
(Бардошти муқаддимотӣ) Инсони ҳушманд аз тариқи ба кор андохтани барномаҳои зеҳнию ақлонӣ ҳамеша худро дар баробари таҳдидоти дохилӣ, таҳоҷумоти берунӣ ва хатароти эҳтимолӣ муқовим сохта, бад-он талош меварзад, ки дар набарди зиндагӣ на бозанда, балки пирӯз бошад. Пирӯзӣ ва бозандагии инсон ҳам ба кайфият ва чигунагии тадбиру тасмимоти ақлонии ӯ бастагӣ дорад. Ба ин маънӣ, инсон аз рӯзе ки худро дар баробари ҳастию вуҷуд шинохт ва ба сатҳи огоҳии ибтидоӣ расид, аз рӯйи тавону қудрат тариқи илму ҳунару эҷод ба зиндагӣ маъно бахшида, замон ба замон, давра ба давра ва марҳила ба марҳила дастовардҳои моддию маънавӣ офарид, ки ҳамагӣ дар…
Прежде всего, необходимо пояснить, что во всех странах мира, включая и Республику Таджикистан, очень актуальным являются вопросы безопасности, которые затрагивают наиболее важные стороны жизнедеятельности человека, общества и государства. Система обеспечения национальной безопасности считается основным способом обеспечения безопасности любого самостоятельного субъекта международного права. В Законе Республики Таджикистан о безопасности отмечено, что систему обеспечения национальной безопасности Республики Таджикистан представляют взаимодействующие между собой силы, обеспечивающие безопасность, иные государственные органы, органы самоуправления посёлков и сёл и организации, несущие в пределах своих полномочий всю полноту ответственности за обеспечение безопасности[1].