JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Вазъи сиёсии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ тайи соли 2021 дар маҷмȳъ мȳътадил арзёбӣ гардид. Дар баробари ин, ба ин вазъият яқ қатор омилҳои хориҷӣ ва дохилиминтақавӣ таъсировар буданд. Чунончи:
Дар ҳама иқдом ва дастовардҳои таърихӣ хидмати занону модарон, ки ақлу заковаташон таҷассуми маънавиёти гаронбаҳои халқи кӯҳанбунёди мо мебошад, басо бузург аст. Эмомалӣ Раҳмон Зан-модар таҷассумгари симои маънавию ахлоқӣ ва зоҳирию ботинии ҳар як миллату давлат, ҷомеаи мутамаддин буда, сатҳи хираду маърифат, дониш, камолоту пешрафт, гузашта, имрӯз ва ояндаи ҷомеаро инъикос менамояд.
(Вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз санаи 21 декабри соли 2021) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2021 Паёми навбатии худро ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуда, зимни он вазъи имрӯзаи ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд ва самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро барои соли 2022 муайян намуданд.
Раванди муосири ҳаводиси сиёсӣ дар баъзе мамолики шарқӣ собит сохта истодааст, ки бидуни доштани иммунитети фарҳангӣ ва сиёсӣ дар шароити сиёсии глобалӣ зиндагӣ кардан ва муҳимтар аз ин, зинда мондан мушкил аст. Мушкил ин ҷост, ки падидаҳои номақбул, хашин, мазарратовар ва ғайриинсоние монанди бунёдгаройӣ (фундаментализм), ифротгаройӣ (экстремизм), тундгаройӣ (радикализм) ва натиҷатан, даҳшатафканӣ (терроризм)-и динӣ-мазҳабӣ фазои фарҳангӣ ва маънавии мамолики Шарқи мусулмониро фаро гирифта, роҳи бурунрафтро аз ҳар тараф бастаанд. Падидаҳои мазкур, ки зоидаи табъу зеҳни ҷаҳолатмаобони давранд, ҳамеша аз ҷониби қудратҳои бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ шуда, вазъи куллиро дар манотиқи гуногуни шарқӣ, ба вижа, Шарқи мусулмонӣ ноҷур месозанд. Сухан…
Бо пайдоиши муносибатҳои ҷадид дар ҳаёти инсони, тарақиёти илму техналогия ва таҳавулот дар системаи сиёсии глобалӣ, ҳамгирои миёни давлатҳо авҷ гирифта то андозаи назаррас муносибат миёни онҳо тақвият ёфт. Дар баробари ин васеъ гаштани бозори ҷаҳони ва рушди соҳаи истеҳсоли сиёсату иқтисодӣ давлатҳоро ба ҳам вобаста намуда фишангҳои таъсиррасониро ба вуҷуд овард. Дар замони муосир ҳар як давлат самтҳои рушди сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро дар заминаи ҳамоҳангсозии манфиатҳои худ бо дигар давлатҳо ба роҳ мемонад. Чунин раванд ба ташаккули муносибатҳои байналхалқӣ боис гардида, фазои бози сиёсиро ба вуҷуд овардааст. Ба андешаи сиёсатшиносон на ҳама муносибатҳои субектони ҷомеаи ҷаҳонӣ хусусияти…