Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 21 декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷмуъ барои тамоми мардуми шарифи тоҷик ироа гардид, ба ақидаи банда, пурмуҳтавотарин ба ҳисоб меравад. Дар он, пеш аз ҳама, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои зиндагӣ, яъне сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маориф, илм ва ғайра дар давоми 30 соли Истиқлолият мавриди таҳлили амиқ қарор гирифта, дурнамои рушди кишвар вобаста ба самтҳои муайянгардида, нишон дода шудааст. Дар мақолаи дурнамои рушди иқтисодиёти кишвар, ки аз муҳтавои Паём бармеояд, нишон дода шудааст.