Хуросон з-оли Сомон чун тиҳӣ шуд, Ҳама дигар шудаш аҳволу сомон. Носири Хусрав Дар ҳақиқат, баъди аз байн рафтани давлати миллии Сомониён ва рӯи кор омадани сулолаҳои бегонатабор, на танҳо аҳволи Хуросон, балки аҳволи Мовароуннаҳру Эрон низ дигаргун гашт ва қудрати сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, низомӣ дар ин сарзаминҳо ба дасти бегонагон афтод ва мардуми бумии ин сарзаминҳо, соҳибони ҳақиқии ин се минтақа–Эрону Хуросону Мовароуннаҳр (тоҷикҳо ва форсҳо) дар ҳолати гурезагӣ ба сар мебурданд, зеро давлати миллии худро аз даст дода буданд. Носири Хусрав, ки аҳли Хуросон (тоҷик-форс) буд, аз дасти Ғазнавиён, ки бо баҳонаи рофизию қарматию муътазилӣ тоҷику форсро мекуштанд,…