JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 02 Марти 2022 05:33

Паёми омӯзанда

Муаллиф:
Дар Паёми имсола аз аввал то охир бо таҳлил мантиқӣ, соҳа ба соҳа «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» изҳори назар шуд. Пешвои миллат дар оғози Паём ишора бар он намуданд, ки соли 2021 низ ба мисли ҳазорон солҳои пешин баъди чанд рӯзи ба шумор ба таърих мепайвандад. Тибқи фармудаи файласуфонаи Пешвои миллат ин чунин маънӣ дорад, ки башарият ана ҳамин тавр ҳазорон-ҳазорон солро тай карда ба ин марҳалаи нави таърихӣ расидааст, ки барои ҳамин умри азизи худро ғанимат шумурда, барои ободии миллат ва кишвар хидмат бояд кард.
Ҷумъа, 18 Феврали 2022 11:25

Ифтихори фарҳанги миллии тоҷик

Муаллиф:
Ҳар касе, ки мехоҳад бинои истиқлоли меҳан ва саодати миллаташро бар асоси маҳкам қоим созад, бояд дурӯғро аз он марзу бум ронда ва ростиро дар он сарзамин устувор намояд. Дориюши Кабир Ақвоми эронӣ (тоҷик) бо илму фалсафа, ҳикмату мантиқ, фарҳангу санъат ва дигар суннатҳои волои миллии худ аз қадим шуҳраи офоқ гардида буд. Ба ин маъно, ки дар таълимоти нахустпайғамбари башар – Зардушт писари Гистасп аз қавми Ориёӣ омадааст: «ҳар фарде дар ободии ҷаҳон ва шодмонии ҷаҳониён кӯшида, ё худро ба василаи пиндору кирдор ва гуфтори нек қобили болоравӣ ба олами рӯҳонӣ ва расидан ба авҷи камол ва саодати ҷовидонӣ…
 Муқаддима Сиёсати хориҷии Тайланд ҳамчун сиёсати мутобиқшаванда ва амалгаро нисбат ба муҳитҳои беруна шинохта шудааст. Ин вижагӣ номи дипломатияи "хам шудани бамбук бо шамол"-ро дорад. Ба ин маъно, ки "мустаҳкам реша давондааст, аммо ба қадри кофӣ нарм аст, ки ба ҳар тарафе, ки бод вазад, барои зинда монданаш, хам мешавад" (Kislenko, 2002, p. 537). Ин тасвир ба табиати давлатҳои хурд дар муносибатҳои байналмилалӣ мувофиқат мекунад, ки зинда мондани давлат дар ҷаҳони анархӣ ҳадафи ниҳоӣ мебошад. Аммо, чунин нуқтаи назар дар шарҳи сиёсати хориҷии Тайланд дар давраи баъд аз Ҷанги Сард мушкилот пайдо кардааст. Ин мақола даъво мекунад, ки сиёсати хориҷии…
 (Чанд андеша оиди нодонӣ, хурофот ва таассуб, ки омили асосии боздорандаи рушди миллатҳо ва нобудии давлатҳост) Дар дарозои таърих ва тамадуни башарӣ яке аз омили аслие, ки сабаби бадбахтии ва ҷангу куштор, вомондагӣ, бечорагӣ ва дасти ниёзи хеш бар сӯи тахайюл дароз намудани башар гардида, ин нодонӣ будааст. Нодонӣ дар пайи хеш ҳазорон мушкили дигарро бар сари башарият овардааст. Аз ин лиҳоз, агар ба решашиносии хурофот назар афканем, он решаҳои имрӯзӣ надорад, балки умқи онро ҳанӯз аз ҷомеаи ибтидоӣ ва инсони нимаваҳшӣ метавон ҷӯст, ки он замон дар баробари ҳодисаю воқеаҳо дониш ва таҷрибаи илмӣ надоштад. Нодонӣ ҳамвора барои башарият…
4 январи соли 2022 дар таърихи робитаҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҳодисаи муҳимме ба вуқуъ пайваст. Маҳз ҳамин рȳз ба барқарор ва минбаъд ривоҷу равнақ ёфтани муносибатҳои дуҷониба байни давлатҳоямон 30 сол пурра шуд. Дар давоми ин муддат Ҷумҳурии Мардумии Чин аз як ҳамсоякишвари оддӣ, ба яке аз шарикони стратегии муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт. Имрȳз заминаи меъёрӣ – ҳуқуқии робитаҳои дуҷонибаро беш аз 300 санадҳои байниҳукуматии дар солҳои гуногун имзошуда, ташкил медиҳанд, ки онҳо тамоми соҳаҳоро дарбар мегиранд.