JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
 1.Чаро буҳрон? Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз гирифтори буҳрони (кризиси) шидид аст. Ин буҳрони куллӣ ва умумӣ аст. Мо дар ин мақола танҳо дар мисоли оиладорӣ доманаи густурдаи ин буҳронро арзёбӣ менамоем. Оиладорӣ ҷузъи кӯчак, вале хеле муҳими ин буҳрони ҳамагонӣ аст. Решаи ин буҳрони ҷаҳонӣ дар куҷост? Бо як ҷумла бояд гуфт, ки решаи ин буҳрон дар таассуб ва пешрафти техника аст.Барои таассуб ва техника ақлу хирад ва гуманизм аҳамияте надорад. Дақиқтар: Имрӯз ҷаҳонро фанатизми (таассуби) динӣ, нажодӣ ва идеологӣ фаро гирифтааст. Ин таассуб дар гузашта ҳам вуҷуд дошт. Вале роҳҳои амалӣ шуданашон маҳдуд буд. Маҳдуд дар сатҳи як миллат, як…
Омӯхтани мероси гаронмояи гузашта ва андӯхтани таҷрибаю собиқа дар боло рафтани сатҳи тафаккур, андеша ва маънавиёти миллату халқият нақши асосӣ дорад. Таърихи андеша, ҳунар ва фарҳанги башарӣ собит намудааст, ки бинишҳои устуравӣ, ойинҳои динию мазҳабӣ, қолабҳои тафаккурӣ, моделҳои ҷомеашинохтӣ, мактабҳои фикрӣ ва ҳавзаҳои илмӣ дар асоси омӯзиши дақиқи осори пешин, андӯхтани таҷриба ва мушоҳидаҳои амиқ рӯйи кор омадаанд. Ҳамин гуна таҷрибаро метавон дар самти фарҳанг ва ҳунар низ, ки аз қадимулайём олами тафаккуру тахайюли инсонро бою ғанӣ гардонидааст, ба хубӣ мушоҳида кард. Ҳадаф аз навиштани матлаби мухтасар ва овардани муқаддимаи кӯтоҳ дар заминаи омӯзишу андӯзиши мероси гузашта ва таҷриботи ҳунарӣ…
Сешанбе, 13 Апрели 2021 08:05

Ормонҳои миллӣ ва давлати дунявӣ

Муаллиф:
Дар ташаккул ва таҳаввули андешаи миллӣ ва афкори сиёсии мардуми тоҷик ормонҳои бостонии миллӣ, ки дар бовару асотири қадимӣ таҷассум ёфтаанд, ҷойгоҳи вижа доранд. Гузашта аз ин, тайи таърихи тӯлонӣ бовару ормонҳои мардумӣ ва миллӣ дар созмон ёфтани тахайюл ва тафаккури эҷодию воқеӣ-реалистии ақвоми иронитабор, аз ҷумла мардуми тоҷик саҳим буда, ҷараёни рушду тавсеаи биниши миллӣ ва сиёсиро таҳкиму тақвият бахшидаанд. Таҷрибаи башарӣ собит сохтааст, ки мафкура ё идеологияи давлатӣ ва миллӣ ҳамеша бар мабнои беҳтарин ормонҳои мардумӣ, ки маҷмӯаи зиндагии фикрӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии қавму миллиятҳоро дар маҳдудаҳои замонию маконӣ таъйин мекунанд, сохта мешавад. Дар ин росто, мардуми…
Яке аз хусусиятҳои асосии миллати тоҷик доштани ҳисси мустақилӣ ва озодихоҳӣ буда, дар тамоми давраи мавҷудияти худ барои ҳифзи он ҷоннисориҳои зиёд намудааст. Ба ин асос, дар тӯли таърихи гузаштаи хеш миллати тоҷик ба ҳуҷумҳои бераҳмонаи душманони худ дучор шудааст. Гузаштаи пурифтихори мо намегузорад, ки миллатамон тобеъ ва дастнигари миллатҳои дигар бошад. Дар замони муосир доштани истиқлолияти сиёсӣ яке аз рукнҳои асосӣ дониста мешавад, дар ғайри он хеҷ миллате бақои худро ҳифз карда наметавонад. Бинобар ин, барои ҳар як фард фаҳмиши доштани истиқлолияти сиёсӣ амри ногузир мебошад.
Дар фарҳанги тоҷикон Гули Лола, ки бо номи «Арӯси сол» машҳур аст, дар фасли баҳор ҳама дашту чаманзор ва саҳроҳоро гулгун мекунад. Мувофиқи маълумоти муҳакқиқон, Гули Лола дорои навъҳои зиёде аз 100 то 150 гуна аст. Ҷою макони аслии Лолаи худрӯ, мувофиқи маълумоти сарчашмаву расонаҳои интернетӣ, Осиёи Марказӣ дониста мешавад. Ин гули зебои худрӯи айёми баҳорӣ бештар дар Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон, Самарқанду Бухоро, Туркия, Сурия, дар соҳилҳои баҳрҳои Арал, Хазар, Сиёҳ, ҳамчунин Юнону Италия, Ҳоланду Испания ва Африқо мерӯяд. Аммо дар байни кишварҳои Шарқи форсу тоҷик ва туркзабон-Эрон, Тоҷикистон, Узбакистон, Туркия ва Озорбойҷон гули лола нуфузи зиёд дорад. Мувофиқи маълумоти…