Таҷлили ҷашну маросимоти миллӣ ва аз давр ба давр ва аз аср ба аср мунтақил кардани онҳо сатҳи баланди худогоҳӣ ва хештаншиносии мардуми форсу тоҷикро нишон медиҳад. Аз тарафи дигар, ҷашнгирӣ ва маросимофаринии ин мардум ба кайфияти зиндагии фикрӣ, ифтимоӣ ва мадании ҷомеаи вақт бастагӣ дорад. Масалан, танҳо дар маҳдудаи як моҳ -- даймоҳ чаҳор ҷашн гирифта мешуд: якум, ҳаштум, понздахум ва бисту сеюми даймоҳ чанд ҷашн таҷлил мегардид, ки аввал – якуми баҳман ба унвони Шаби Ялдо муаррифӣ шудааст (ниг.: Рӯҳуламинӣ Маҳмуд. Ойинҳо ва ҷашнҳои куҳан дар Ирони имрӯз. Теҳрон, чопи аввал, 1376. –С.89).