Маълум аст, ки ҳар як давлати миллӣ дорои сарчашмаи ҳуқуқӣ – Конститутсия мебошад ва тарҳи ин сарсанади меъёрии ҳуқуқӣ бар асоси ормонҳо ва афкори поядори миллӣ рехта мешавад. Аз ин лиҳоз, мардуми тоҷик бо ормонҳои давлатдорӣ ба арсаи сиёсат ва давлатдорӣ қадам ниҳода, барои заминагузорӣ ва роҳандозӣ кардани лоиҳаҳои давлатҳои миллӣ ва дунявӣ беҳтарин бовару асотир бофтаву пардохтааст, ки дар сохтмони давлатҳои минбаъдаи дунявӣ ба сифати манбаи зарурӣ хидмат намудаанд. Муҳаққиқон, бо назардошти шароит ва вазъи номусоиди глобалӣ, таҳкими фарҳанги бумиро бар пояи ҷаҳонбинӣ ва идеологияи воқеъбинонаи миллӣ, ки дар бовару асотири паҳлавӣ ва манобеи асримиёнагӣ дарҷ гардидаанд, ҳукми зарурат…