JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Латифа яке аз жанрҳои хеле маълум ва машҳури ҳаҷви халқӣ мебошад. Қобили тазаккур аст, ки халқ дар ҳамаи давраҳо ба воситаи латифаҳо бар зидди золимони, риёкор, авомфиребон ва душманони худ мубориза бурда, ба онҳо хандаи баланди ғолибонае кардааст. Дар латифа фикр хеле кӯтоҳ, муъҷаз ва возеҳ ифода ёфта, он барои тасвири воқеаву ҳодисаҳои манфӣ ва характери типӣ, шакли хеле муносиб мебошад. Агар дар даврони гузашта хандаи тамасхуромези ин жанр ба муқобили амирон, феодалон ва ҳомиёни дину шариат нигаронида шуда бошад, пас ҳоло он бар зидди ҳодисаву воқеаҳои манфии ҳаёт, хусусият ва ахлоқи ношоями шахсони алоҳида, ки монеаи пешрафтҳои ҳаёт мегарданд,…
Осиёи Шарқӣ ё Осиёи Шимолу Шарқӣ минтақаи муҳиме дар иқтисоди ҷаҳон буда, 2,3 дарсади масоҳати хушкии кӯраи Замин ва 20.9 дарсади аҳолии онро ташкил медиҳад. Ин минтақа дар шимолу шарқи Осиё ҷойгир буда, 5 кишварро дар бар мегирад, ки онҳо Муғулистон, Ҷумҳурии демократии Корея, Ҷумҳурии Корея, Ҷопон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошанд. Истиқлолияти ҷазираи Тайван дар ин минтақа аз сӯйи Чин эътироф нашудааст ва аз ҳамин сабаб на дар ҳама адабиётҳо ин ҷазира ҳамчун кишвари алоҳидаи минтақаи Осиёи Шарқӣ оварда мешавад. Аммо дар воқеият ин ҷазира, аз поёни Ҷанги Дуюми Ҷаҳон инҷониб мустақил буда, модели иқтисодии ба худ хосро дорад…
Баъди хуруҷи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ба сари қудрат омадани “Таҳрики Исломии Толибон” (дар Тоҷикистон мамнӯъ аст) вазъи сиёсиву иҷтимоии Афғонистон мубрамтару муташанниҷтар гардидааст. Аз “фатҳи” Кобул қариб дуву ним моҳ сипарӣ шуд. Оё таҳдиду хатарҳои террористӣ аз ин мамлакат ба кишварҳои Осиёи Марказӣ коҳиш ёфтааст ва ё баракс афзудааст? Кушиш менамоем то андозае ба саволи матраҳгардида посух диҳем. Тавре ки медонем то хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ ва суқути давлати лухтакии Ашраф Ғанӣ сарҳадоти байни Афғонистону давлатҳои Осиёи Марказӣ то андозае аз тарафи нерӯҳои амниятии ин кишвар назорат мешуд. Ҳамзамон фаолияти гурӯҳҳои террористиву ифротгарои муқими ин давлат таҳти назорати хадамоти…
Консититутсияи кишвари мо дарвоқеъ санади сарнавиштсоз ва шиносномаи миллати тоҷик аст. Аз замоне ки ин ҳуҷҷати таърихӣ тавассути райъдиҳии умумихалқӣ қабул гардид, бисту ҳафт сол сипарӣ мегардад. Конститутсияи кишвари мо воқеан санадест, ҳамрадифи рӯзгори давлатдории навини миллати мо, ки он бешубҳа фарогири тамоми дастовардҳои замони истиқлол аст. Зеро қабули ин санади сарнавиштсоз, ки дар лаҳзаҳои ҳасос ва нооромии ҷанги дохилӣ сурат гирифт,тавонист ҳисси эътимоду боварии халқро ба фардои ободу осудаи худ боз ҳам қавӣ гардидонад ва як гардиши куллиеро дар фазои сиёсиву иҷтимоӣ ба миён овард. Ин санади олии ҳуқуқӣ имкон фароҳам меоварад тартиби ҳокимияти сиёсӣ, шохаҳои ҳокимият, салоҳиятҳои онҳо,…
 Тавре маълум аст, инсоният тули таъ­рихи мавҷудияташ дар муоширати ҳамешагии байниҳамдигарӣ мебошанд ва бидуни ин замина ҳастии онҳоро низ тасаввур кардан имконнопазир аст. Муоширате, ки инсонҳо байни ҳамдигар анҷом медиҳанд дар доираи меъёрҳои муайян сурат мегиранд. Дар алоқамандӣ бо инкишофи муттасили инсону ҷомеа, тарзи муошират ва меъёрҳои батанзимоварандаи он низ пайваста инкишоф меёбад. Соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ба вуҷуд омада, дар онҳо одамон фаъолият менамоянд ва дар робитаҳои байниҳамдигарӣ суханронӣ менамоянд. Махсусан сиёсат ва суханварӣ ҳамеша дар муносибати байниҳамдигарии муштарак қарор доранд ва заминае барои фаъолиятҳои иҷтимоӣ ба шумор мераванд. Дар ҳаёти сиёсии ҷомеа мақоми риторикаи…