Инак Тоҷикистон бо қадамҳои устувор ба маъракаи муҳими сиесӣ - Интихоботи Президенти мамлакат наздик мешавад. Интихоботи президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин рӯйдоди сиёсии дохилӣ ба шумор меравад, зеро самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷиро маҳз Президенти кишвар муайян мекунад. Дар моддаҳои Конститутсияи Тоҷикистон омадааст, ки «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст. Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад».