JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Маълум аст, ки бемории коронавируси COVID-19 дар арсаи ҷаҳонӣ яке аз масъалаи муҳими баҳсу баррасӣ дар равобит ва ҳамкориҳои миёни кишварҳо ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ гардидааст. Маҳз ба ҳамин хотир таҳлилгарону коршиносон вазъияти имрўза ва ояндаи сайёраро ҳамчун тартиботи нави ҷаҳонӣ ва идоранамоии афкори ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳогузорӣ менамоянд. Зеро хурўҷ ва бо суръати баланд паҳн шудани коронавируси COVID-19 бори дигар собит сохт, ки илми башарӣ ҳанўз ҳам дар бартараф кардани хатароту мушкилот оҷиз аст.
Дар ин матлаб аз кору пайкори шахсе маълумот медиҳем, ки хотираи некаш дар ёдҳо абадӣ мемонад. Ин инсони шариф, марди хоксор ва табиби ҳозиқу наҷотбахши ҷони ҳазорон дардмандон Раҷабов Ватаншо Шоҳевич мебошад. Фаъолияти меҳнатии Ватаншо Раҷабов, ҷонбозиҳои ӯ барои наҷоти ҷони дигарон ва сифатҳои шахсии инсониаш ибратомӯз мебошанд. Ба ин хотир, лозим аст, ки дар бораи кору пайкор ва ҷаҳду талошҳои ин табиби ҳозиқ ва ҷонбахши беморон дигарон бояд бештар донанд. Бояд ҳамагон дониста бошанд, ки модар тоҷик фарзандоне дорад, ки аз баҳри ҷони хеш гузашта, ба дигарон ҷон мебахшанд ва дарди беморонро чун дарди худ қабул карда, тамоми донишу…
Чоршанбе, 08 Июли 2020 07:54

Ваҳдати миллӣ – асоси рушди илм

Муаллиф:
Ҳар як фарде, ки бо нигоҳи нек ва кўшишу ғайрати намунавӣ бо омўзиши илму ҳунар машғул аст, оғоз аз азхудкунии фаннҳои таълимӣ ва ҳосил намудани ҷаҳонбинии базавии илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, баъдан бо ҷустуҷўи донишҳои нав дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва ниҳоят дар роҳи пажуҳиши беканори илмӣ дар таҳқиқотҳои оянда – табиатан ҳифзкунандаи сулҳу субот мебошад. Зеро муҳите, ки дар он шахси босавод ва боҳунару бофарҳанг арзи вуҷуд ва рушд карда метавонад – танҳо фазои сулҳу оромӣ аст. Табиати олим ва ҳунарманди ҳақиқӣ ба равандҳои неку бомаром ва машварати илмӣ ба монанде, ки инсон…
 «Ба Академияи илмҳо зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо олимони кишварҳои дигар дар самти пайомадҳои тағйирёбии иқлим таҳқиқоту омӯзиш гузаронида, дастовардҳои кишварро дар ин самт ҳамаҷониба муаррифӣ намояд.» Эмомалӣ Раҳмон Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст баъд аз ба даст овардани истиқлолияти миллӣ тоҷиконро душманони он ба ҷанги бародаркуш оварданд. Агар ваҳдати миллии тоҷикон намебуд мо ба вартаи ҳалокат дучор мегардидем. Ин ваҳдат бузургтарин ва тақдирсозтарин ва арзандатарин дастоварди бузурги халқи тоҷик буд, ки он маҳз бо кӯшишу талошҳо ва ҷонбозиҳои қаҳрамононаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амал татбиқ шуд. Феълан…
Чоршанбе, 08 Июли 2020 05:15

Сулҳу субот ва ризоияти миллӣ

Муаллиф:
Мардуми шарифу сарбаланди кишвари тоҷик тавонистанд дар атрофи ғояҳои сулҳовари Сарвари давлат муттаҳид шуда, соҳиби Ватани ободу озод гарданд. Имрӯз бо боварии комил гуфта метавонем, ки мо дар ватани азизамон Тоҷикистон, дар як фазои озоду беғубор, дар як давлати соҳибихтиёр зиндагӣ мекунем ва бояд ободию суботи сиёсати онро муҳофизат намоем.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат таъкид намудаанд: «Сулҳу субот ва ризоияти миллӣ ба халқи тоҷик ба осонӣ муяссар нашудааст. Барои расидан ба ин рӯзи фирӯз моро лозим аст, ки роҳи тӯлонии ноҳамворро тай намоем, мамониатҳои сангинро аз миён бардорем ва мушкилоти гаронро паси сар кунем».