Сурудхонӣ, бадеҳахонӣ, байтгӯву рубоисароӣ, дойразанӣ, рақсу бозӣ дар таркиби аксари кулли расму анъанаҳои мардумии сокинони саргаҳи Зарафшон, таваҷҷуҳи беандозаи онҳоро ба зебоипарастӣ ва зиндагии хушҳолона нишон медиҳад. Аз қадимулайём дар маъракаҳои хурсандӣ, ки миёни занон алоҳида баргузор мегардиданд,сурудхонӣ, дойразанӣ, рақсу бозии озодона васеъ маъмул буд. Дар нимаи дуюми садаи ХХ масалан дар маъракаи гаҳворабандон низ, ки расми нисбати дигар оинҳо шояд андаке маҳдудтар аст, занҳо баъди зиёфати урфӣ ҳатман муддате сурудхонӣ ва рақсу бозӣ мекардаанд (5, 40). Маълум аст, ки сози зарбии дойра яке аз созҳои вақтхушкунии занон ба шумор меравад.