Ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, хусусан, дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки дар ҳолати муқовимат ба пандемияи “вируси тоҷдор” қарор дорад, аз ҳар як фарди бонангу номуси кишвар, бахусус, ҷавонон тақозо менамояд, ки тамоми нерӯи ҷисмониву зеҳнии худро ба ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, ваҳдати миллӣ,таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, бунёдкориву созандагӣ ва рушди Ватани азизамон равона созанд Пайдоиш ва паҳншавии ғайричашмдошти вируси COVID-19 аз шаҳри Вуҳони кишвари Чин то сарзаминҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Русия, Иттиҳоди Аврупо, Бритониёи Кабир ва соири кишварҳои Осиёи Миёна натанҳо боиси нигаронӣ, балки омили ҳалокати ҳазорон инсонҳо гашта истодааст. Ин вирус ҳамчун падидаи манфӣ ва хатарзо тавонист, ки…