JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Бисёре аз кишварҳои рӯ ба рушди бо даромади кам дар банд гирифтор шудаанд. Дар ин навъ кишварҳо бахши хусусӣ кӯчак ва заиф буда, бо норасоии кадр, фановарӣ, сармоя, эътимод ва мудирияти дуруст рӯ ба рӯ аст. Истеҳсолкунандагони маҳаллӣ наметавонанд бо гигантҳои ҷаҳонӣ дар бозори озод рақобат кунанд. Дар ҳамин шароит интизор меравад, ки ҳукумат кишварро аз қашшоқӣ раҳо кунад, аммо ҳукумат худ низ бо мушкилоти гуногуне монанди бесамарӣ, фасод, адами истеъдод ва иттилоот, расмиятгароӣ ва фишори сиёсӣ гирифтор аст. Сиёсати нодуруст, иқтисоди бидуни пешрафт ва бесуботии иҷтимоӣ вазъи якдигарро бадтар мекунанд. Кишварҳо, пеш аз он ки ҷаҳиши иқтисодӣ дошта бошанд,…
Ҳизбҳои сиёсӣ, ки ҷамъияти ихтиёрии шаҳрвандон буда, барои ноил шудан ба ҳадафҳои сиёсӣ ва ба даст овардани ҳокимият дар доираи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ байни ҳам дар рақобат ҳастанд, ҷиҳати расидан ба мақсадҳои оинномавӣ ва ҷалби бештари тарафдорон, инчунин баҳри ҳар чӣ зиёд намудани аъзо, асосан аз роҳҳои гуногуни ­таблиғотӣ истифода мебаранд. Ин аст, ки кори таблиғотиро метавон фаъолияти асосии онҳо арзёбӣ намуд. Зеро маҳз интихоби дурусти самти фаъолият ва фаро гирифтани масъалаҳои мубрам дар оинномаи ҳизбҳо метавонад шумораи аъзо ва ҷонибдорони онҳоро бештар намояд.
Таҷлили ҷашну маросимоти миллӣ ва аз давр ба давр ва аз аср ба аср мунтақил кардани онҳо сатҳи баланди худогоҳӣ ва хештаншиносии мардуми форсу тоҷикро нишон медиҳад. Аз тарафи дигар, ҷашнгирӣ ва маросимофаринии ин мардум ба кайфияти зиндагии фикрӣ, ифтимоӣ ва мадании ҷомеаи вақт бастагӣ дорад. Масалан, танҳо дар маҳдудаи як моҳ -- даймоҳ чаҳор ҷашн гирифта мешуд: якум, ҳаштум, понздахум ва бисту сеюми даймоҳ чанд ҷашн таҷлил мегардид, ки аввал – якуми баҳман ба унвони Шаби Ялдо муаррифӣ шудааст (ниг.: Рӯҳуламинӣ Маҳмуд. Ойинҳо ва ҷашнҳои куҳан дар Ирони имрӯз. Теҳрон, чопи аввал, 1376. –С.89).
Асри XXI, ки асри илму технология аст ва тасаввур кардани ҷамъияти имрӯза бидуни интернет ғайриимкон аст. Қуввае нест, ки боиси монеаи пешрафт ва инноватсияи интернет гардад, зеро ки дар шароити имрӯза он яке аз талаботҳои асосии ҷамъият ба шумор меравад. Мо наметавонем ба муқобили интернет баромад кунем ва онро ҳамчун зуҳуроти манфӣ маънидод намоем. Ин ҳам мисли дигар ихтирооту кашфиёти инсоният аст, ки истифодаи он аз худи инсон вобастагии зич дорад, зеро интернет маҳсули дасти инсон аст ва ба кадом оқибатҳо овардани он низ аз инсонҳо вобастагӣ доред. Далели ин гуфтаҳо ихтирои атом мисол шуда метавонад, ки Алберт Эйнштейн онро…
Санаи 24 ноябри 2020 нахустин сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Россия баргузор гашт. Федератсияи Россия ва Тоҷикистон шарикони стратегӣ мебошанд ва инчунин ин давлат шарики асосии тиҷоративу иқтисодии ҷумҳурии мо аст. Ҳамкорӣ дар соҳаи гуманитарӣ ва ҳарбӣ-техникӣ низ байни кишварҳои мо фаъолона ба роҳ монда шудааст. Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар давоми сафари худ бо роҳбарияти олии Федератсияи Россия мулоқотҳои судманд анҷом доданд.