Вақте ки дар бораи ваҳдат ҳарф мезанем, худ ин мафҳум ба “ваҳдати афроди як ҷомеа, муттаҳидии ташкилотҳои алоҳида ва ҳаракати қувваҳои ҷамъиятӣ барои расидан ба ҳадафи ягона мебошад”. Ваҳдат дар баробари ин, ҷанбаи гуногунрангӣ низ дорад. Масалан моҳияти фалсафии “ваҳдат”, ба маънои пойдорӣ ва таҳкими ҷомеа далолат мекунад. Аз лиҳози фарҳангшиносӣ бошад, “ваҳдат”- ягонагии тамоюлҳои арзишӣ ва ҷаҳонбиниҳо мебошад. Маълум аст, ки ҳар як фарҳанг мутлақан бе миллатҳо ва қавмҳо моҳияти худро гум мекунад. Аз дигар ҷониб, агар мо ба маънои васеъ назар кунем, пас ваҳдати миллиро метавон он раванде ҳисоб намуд, ки дар он муайян намудан ва рушди ҳадафҳо,…