JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Шеър, хоса шеъри ғиноӣ, зодаи хаёлу илҳоми ногаҳонии шоири асилест, ки падидаҳои офаринишро мутобиқи завқи вежаи хеш бозшиносӣ карда, онҳоро дар густараи забон ғолибан ба гунае мавзуну муқаффо рақам мезанад, ки мухотаби ӯ бо хондани он ба дарку бардошти зебоишиносонаи шоир аз падидаҳои ҳастӣ даст меёбад. Муҳаммадтақии Баҳор мегӯяд, ки «шеъре, ки мақсуди мост, шеърест, ки аз димоғи шоире лоиқ ва дар як вақти озод ва ё ба вақти торике дар буҳбуҳаи эҳсосот ва тарокуми авотифи гуногун ва дар як ҳоли ҳаяҷонӣ гуфта шавад»[5, c. 931]. Ҳар андоза диди шоир ҳунармандона бошад ва ҳар андоза ҳусни баёнаш нозук, ба ҳамон…
Яке аз масъалаҳои мураккаб ва баҳсноки иҷтимоӣ ин шеваи идоракунӣ ва нигоҳдошти рушди низоми иҷтимоӣ маҳсуб аст. Дар ин замина дар ҷомашиносии охири саддаи 19 ва аввали саддаи 20 ду назарияи асосӣ: яке назарияи низоии рушди иҷтимоӣ ва дигаре назарияи функсионалии рушди ҷомеа ба миён омаданд. Назарияи низоъӣ ҷомеаро муборизоти ҳамешагӣ медонад, ки ин муборизот ба хотири дастёбӣ ба сарват ва қудрат сурат мегиранд ва ҳолати ҳамешагӣ ва давомдори ҷомеъаанд. Назарияи низоъро вобаста ба бунёд ё ҷавҳари низоъ метавон ба ду шоха тақсим намуд: яке, шохаест, ки қудратро асли низоъ медонанд ва дигаре, назарияи марксистии инкишофи ҷомеа мебошад. Поягузори шохаи…
 «Суханеро, ки як бор шунидам, кам фаромӯш кардам. Ҳар ҷо ки зикри илми уламо мерафт, ба тинати худ маҳви он калом будам. Дар ин муддат ҳар гоҳ дар китоби форсӣ ба калимаи арабӣ дучор мешудам, орзуи фаҳмидани маънии он дар дилам хорҳо мешикаст. ..» Хумулӣ Ин мақола ба мавзӯи таърихнигорӣ дар забони тоҷикиву форсӣ рабт дорад, он ба ҳаёт ва осори Ҷумъақулии Хумулӣ (тав.1190/1776 м./ - яке аз таърихнигорони хонадони манғития- охирин сулолае, ки дар аморати Бухоро ҳукумат рондааст, бахшида шуда, кӯшиши аввалини ба доираҳои илмии ҷумҳурӣ расонидани маълумоти нисбатан мукаммал роҷеъ ба ин муаллиф мебошад. Муҳимтарин асари ӯ «Таърихи…
Дар мақолаи мазкур муаллиф масъалаи равандҳои ҷаҳонишавӣ ва минтақагароиро мавриди таҳлил қарор додааст. Муаллиф кӯшиш намудааст, ки паҳлӯҳои гуногуни ин масъаларо шарҳу баён намояд. Ба андешаи муаллиф, равандҳои ҷаҳонишавӣ ва минтақагароӣ хусусияти табиӣ дошта аз давлату миллатҳо ва одамон вобастагӣ надорад. Равандҳои ҷаҳонишавӣ ва минтақагароӣ ба тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаётии кишвару миллатҳо таъсири худро расонида метавонад ва ин падида имрӯз бояд боиси таҳлилу таҳқиқи ҷиддӣ қарор ёбад.
Душанбе, 13 Июли 2020 09:24

Рози шод зистан (2)

Муаллиф:
Намунаи “Ман ҳамеша ҷо мемонам”. Маънояш ин аст, ки мо ҳамеша, чи дар мавқеи тавлид, чи дар шурӯъи мадраса, чи дар тиҷорат ва чи дар рафтан ба таътилот ё хеле дер мерасем ва ё хеле зуд. Ҳамеша дар вақти нодуруст дар ҷои дуруст будан. Ҳамчунин истеъдоди хуб ва муаллими бад доштан ё муаллими хуб ва истеъдоди бад доштан ва ё фоқиди ҳарду будан (надоштани ҳарду).