JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Охири асри нуздаҳ ва ибтидои садаи бист давраест, ки инсоният ба масири нави таҳаввул ва таҷаддуд расида, бештар ба илм ва таҳқиқоти илмию фаннӣ боварманд шуд. Бовармандӣ ба илму фалсафа ва канорагирӣ аз хурофоту таассуби динию мазҳабӣ инсон ва дар маҷмӯъ, ҷомеаи инсониро ба сӯйи фатҳи қуллаҳои мурод раҳнамун сохт ва тадриҷан рушду пешравиро дар фазою муҳитҳои сиёсию иҷтимоӣ тамин намуд. Таҷаддуди фикрӣ ва муқовимати мудавоми ақлонӣ бо низомҳои мустабиди динию мазҳабӣ, ки бар асоси ҷаҳолату хурофоти асримиёнагӣ созмон ёфта буданд, боиси бурузи ҷомеаҳои маданӣ дар Аврупо гардид ва саранҷом раванди фарҳанги секулорӣ ва ҷаҳонбинии дунявиро таҳкиму тақвият бахшид. Дар…
Дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил гардида, афзалиятҳои давлатдории миллӣ ва вазифаҳои мушаххас барои бартараф намудани камбудиҳо ва мушкилиҳои мавҷуда ироа гардиданд.
Таҳаввул маънои тағйирёбию дигаргуншавиро дошта, тараққӣ ба маънии болоравӣ ва пешравӣ далолат мекунад. Раванди таҳаввулу тараққӣ, қабл аз ҳама, ба сатҳи ташаббусоту ибтикороти қишри зиёӣ ва ниҳоди мадании ҷомеа, ки бо илму дониш мусаллат аст, бастагӣ дорад. Дунёи пешрафта ва ба истилоҳ, ҷаҳони модерн дунёи дониш, маърифат, фазилат ва биниши наву ҷадид аст. Дунёи пешрафта бар мабнои хиради фардӣ ва фазилати ҷамъӣ сохта мешавад ва барномарезиҳое, ки дар ин замина рӯйи кор меоянд, танҳо дар маҳдудаи давлати дунявӣ татбиқ мегарданд. Дар он ҳар инсон, вобаста ба сатҳи тафаккур, шуур, фарҳанг, эҷод, ҳунар ва ҷаҳоншиносиаш ҷойгоҳ ва мақоми шоиста дорад.
Даҳсолаҳои охир рушди бесобиқаи таблиғоти ифротгароӣ ва терроризм дар Интернет ба мушоҳида мерасад. Мутаассифона, ҷаҳони муосир хатари ин падидаро ба таври комил арзёбӣ накарда, чунин мешуморад, ки ҳамлаҳои бевоситаи террористӣ (инфиҷор, оташзанӣ, гаравгонгирӣ, қатли мансабдорон ва ғайра) таҳдиди ҷиддӣ ба ҷомеа мебошад. Таъсири иттилоотии бунёдгароёнаро дар радифи дуюм қарор медиҳанд ва онро дуюмдараҷа мешуморанд, зеро он ба таври ноаён таъсир мерасонад, ҳамчунин муайян кардани манбаи он номумкин аст.
Мусаллам аст, ки ҷашн ва ё ид (иттифоқан, ҳар ду вожа, асли форсӣ-тоҷикӣ дошта, ба маънои ойинҳои шодмонӣ далолат мекунанд) вуҷуди фарогири маънавӣ, фарҳангӣ ва отифии як халқияту миллиятро дар паҳнои зиндагии башарӣ муаррифӣ месозанд. Ҷашн қолаби фарҳангиест, ки ҳолати равонӣ ва фикрию ахлоқии мардумро дар макону замон ва ҷуғрофиёи мушаххас таъйину таъйид мекунад. Дар ин қолаби фарҳангӣ хамирмояи ҳувияти қавмӣ ва миллӣ рехта мешавад ва чун риштаи дарозе дар бастаи фарҳанги маънавӣ печиш мехӯрад ва бо гузашти замон устувор мегардад. Ин аст, ки мардум аз бомдоди вуҷуд барои осудагию оромиши хотир ҷашну ойинҳо мебофтанд ва барои тақвияту идомати онҳо…