JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Микробҳо ва вирусҳо гуногун мешаванд ва доштани маълумоти умумӣ аз табиат, пайдоиш, роҳҳои гузариш, аломатҳо, муддати инкубатсионӣ ва мутатсияи онҳо аз фоида холӣ нест. Дар нигоштаи мазкур оиди хосиятҳои болозикршудаи COVID-19 сухан меравад. Мо дар бораи оилаи вирусҳое, ки ба эпидемияи гузаранда ва марговар масъуланд, чӣ медонем? «COVID-19»: чаро 19?
Ҳар як инсон баъди пайдоиш аз батни модар аввалин маротиба бо лафзи ширину форам оғоз ба калом мекунад, ки забони модарӣ ном дорад. Ҳар тифли навзод, ба аллаи модар, ниёз дошта, зери навои форами он худро озоду орому обод эҳсос карда, унс мегирад. Ва доимо интизорӣ мекашад, то ба ин лафзи поку муқаддас сухане шунида, сазовор ва шефтаи навои ширинкаломи модари меҳрубонаш гардад. Зеро ӯ худашро дар сояи оғӯши азизи модар зери садои форамаш ба воя расонида, дилу дида ва ҷону дилашро бо калому лафзи модарӣ нерӯ бахшидааст.
Қудрати ақл аст пушти ин забон, Ин забон з-андеша мегирад тавон. Таърих ҳаводиси фоҷеабори зиёдро дар хотир дорад, ки бар асари нодонию ҷаҳолати мардумӣ рӯйи кор омада, боиси талхии рӯзгор ва аз байн рафтани равобити муътадили иҷтимоӣ ва маданӣ гардидааст. Сатҳи пойини огаҳиҳои иҷтимоӣ ва маданӣ ҷомеаҳоро, чи дар қадим, чи дар асрҳои миёна ва чи имрӯз ба вартаи даргирию кашмакашҳо, низоъ ва ҷанҷолҳои хонумонсӯз тела дода, мунҷар ба ноамнию бесуботии минтақаҳо гардидааст. Аз ҷониби дигар, таърихро фарҳангсолорон ва фарҳангиён меофаранд ва дар ҳар давру замон натиҷаи кори фарҳангӣ тавассути забон густариш меёбад ва аз як насл ба насли дигар…
Мардуми тоҷик ба қарибӣ (11 октябри соли ҷорӣ) маъракаи муҳимми сиёсӣ - интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешвоз мегиранд. Иштироки фаъол дар маъракаи дарпешистодаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаҳои муҳимми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва қаблан, мутмаинем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон (албатта, онҳое, ки ба синни интихоботӣ расидаанд) дар ин маъракаи сиёсӣ бо масъулияти баланди ватандорӣ ва ҳисси масъулиятшиносӣ ширкат меварзанд.
Сешанбе, 29 Сентябри 2020 06:27

Пешвои миллат ва Сарвари муваффақ

Муаллиф:
Дар марҳилаҳои тақдирсоз, даврае ки халқу миллат ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ гашта, ҳаёти онро бенизомӣ фаро мегирад, зарурати пайдоиши шахсият ва ё шахсиятҳои ин ҳолатро тағйирдиҳанда ба миён меояд. Муаррихон бар ақидаанд, ки яке аз ҷанбаҳои асосии таърихи инсониятро роҳбарони кишварҳо муайян менамоянд. Албатта, аксари давраҳои таърихии рушди давлатҳои қадим ва муосир бо номи сарварон алоқаманд мебошад, ки рифоҳи мардум, авҷи қудрати кишвар, густариши илму фарҳанг ва тиҷорат бо ному фаъолияти онҳо вобастагӣ доранд.