JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
 Ҳамасола дар арафаи таҷлили Рӯзи занону модарон мо, мардон ба худ иҷоза медиҳем, ки роҷеъ ба шахсият ва ҳувияти занону бонувон мунсифона қазоват намоем ва ҷойгоҳи онҳоро дар низоми зиндагии иҷтимоӣ, фикрӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ ва маданӣ мушаххас созем. Ба ин маъно, агар асли зан, ки дар зиндагибахшӣ, муҳаббатсозӣ, меҳрварзӣ, вафопешагӣ ва бурдборӣ ғунҷоиш меёбад, намебуд, ҷаҳону ҳастӣ, аслан қобили таҳаммулу зист намебуд, чунки ваҳшату даҳшат онро фарогир мешуд ва зиндагӣ бемаънӣ ва беҳадаф мегардид. Чун зан бо асли худ – зиндагипарастӣ ва меҳрварзӣ ба ҷаҳону ҳастии бемаънӣ ва беҳадаф ворид гардид, онро, бидуни тардид, тағйир ва бар манфиати башар тарҷеҳ…
Замине, ки мо инсонҳо дар он зиндагӣ ва кору фаъолият мекунем, дорои хусусияту нормативҳои хоси худ аст, ки тавассути онҳо мо танаффус ва нашунамо меёбем. Дар ҳақиқат, агар ин нормативҳову моддаҳо муҳайё набошанд ва назорат нашаванд, барои мо инсонҳо дар чунин сайёра зиндагӣ карданд, номумкин ва душворпазир хоҳад буд.Ҳамин хусусиятҳову норматиҳои мададрасони замин дар рушду нумуи инсоният кӯмак расонида, гувоҳӣ онанд, ки ҳаракатҳояш доимо назорату арзёбӣ мегарданд.
Ҷомеаи шаҳрвандӣ истилоҳест, ки асрҳои ХVII-XVIII дар таълимоти иҷтимоӣ - фалсафии мутафакирони барҷастаи Аврупои Ғарбӣ Т. Гоббс, Ҷ. Локк, И. Кант ва Г. Гегел ташаккул ёфта, ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ шудаанд. Мутафаккирони номбаршуда тарҳи чомеаи шаҳрвандиро мутобиқ инкишофи донишҳои иҷтимоӣ – фалсафии қарнҳои зикршуда ба роҳ монда буданд. Файласуфи бузургӣ англис Т. Гоббс дар асарҳояш «дар бораи шаҳрванд» ва «Левиафан» консепсия ҷомеаи шарҳвандиро баён кардааст, ки дар натиҷаи нест кардани ҳолати табии – ваҳши инсон ва гузаштани ў ба ҷомеаи фарҳанги пайдо мешавад. Ба ақидаи мутафаккир вазифаи давлат аз он иборат аст, ки сулҳ ва тартибу низомро таъмин намуда инсонро ба…
Калимаи шуубия ба таври умумӣ номи ҷунбишест, ки мӯътақид ба фазилат ва бартарии араб бар соири ақвоми олам нест ва ба таври хос иборат аз фирқаест, ки душмани аслу насаби араб аст ва ин қавмро пасттарин ақвоми олам мешуморад ва аслу насаби аҷамро бар араб афзалият медиҳад. Бинобар ин калимаи шуубия дорои се мавриди истеъмол аст, [15,c.67] ки дар боло онҳо номбар шуданд. Аз ин рӯ, таърифи истилоҳи шуубия дар адабиёти тафсирӣ ба таври гуногун шарҳу баён ёфтааст.
Муҳаммадҷон Шакурӣ 30 октябри соли 1926 дар Бухоро, дар хонадони фозил ва маъруфи тоҷик Шарифҷон Махдуми Садри Зиё (вафоташ соли 1932) ба дунё омадааст. Соли 1945 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм ва дар Донишгоҳҳои давлатии омӯзгории Кӯлобу Душанбе муаллимӣ кардааст. Баъди хатми аспирантура соли 1951 солҳои тӯлонӣ дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолият намудааст. Баъдан, раиси Кумитаи истилоҳоти назди фарҳангистони улуми ҷумҳурӣ кор кардааст.