Ахиран, пойгоҳи хабарию иттилоотии “Ахбор.ком” (https://akhbor.com/-p9452-168.htm?fbclid=IwAR2XuUfocdtXmPdh-G0PqY-Qqxgo_p2b9Q4ivIALyYfABYeww9PW3Il_Sb8) матлаби кӯтоҳеро бо пахши навор, ки дар он омӯзгор дар ҳолати ногувори равонӣ тарафи хонанда мешӯрад, мунташир кард. Наворе, ки шахсияти омӯзгорро ба масхара мекашад, махсусияти ҳангомабарангезӣ дорад ва, мутаассифона, имрӯз ағлаби пойгоҳҳои таҳлилию иттилоотӣ ва дар маҷмӯъ, фазои маҷозӣ ба минбари таҳқиру тавҳини ашхос табдил ёфтаанд. Кор то ба ҷойе расидааст, ки дигар шахсияти омӯзгор, ки дар баъзе муҳитҳои иттилоотӣ ва иҷтимоию фарҳангии тоҷикӣ ба мавзӯъ ё предмети тамасхур табдил ёфтааст, мадди назари гурӯҳҳои расонаӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифтааст. Аҷабо, ба ном бузургони расонаҳои бонуфуз ва пурхонанда дар пайи шикастани рӯҳияи…