JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Дар назарияи ҳастишиносии (онтология) муосир андешае мавҷуд аст, ки тибқи он вобаста ба табақабандии олами моддӣ шаклҳои ҳастӣ тасниф шудаанд. Таснифи олам аз дидгоҳи классикӣ ба се шакл ва аз дидгоҳи ҷаҳонбинии муосир ба чаҳор шакл тақсим шудааст. Аз диди ратсионалӣ, ба андешаи мо, табақабандии сешакла бештар ба ҳақиқат рост омада, шояд натиҷаи фаҳмиши фалсафист. Амиқтараш, аз дидгоҳи монистӣ шакли аввали ҳастиро шаклвор тасаввур намудан нашояд, ва ҳеҷ гуна шаклро ба вай нисбат додан ғайримантиқист, вале сифатҳои моҳиятии онро зери шубҳа гузоштан, қаноатмандкунанда нест.
Буҳрони беҳдоштии ҷаҳонӣ, ки бо номи вируси короноӣ машҳур аст, миёни ҷомеаҳо тасаллут пайдо кардааст, дар чанд моҳи ахир давлат ва кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро дар ҳоли нигаронӣ қарор додааст. Гузашта аз ин, воҳимаю ҳангомаҳое, ки дар заминаи шуюъи вируси короноӣ ва асароти ногувори он аз тариқи расонаҳо, матбуот, шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ пароканда шудаанд (ва дар ҳоли пароканишанд), ғолибан рӯҳияи мардум ва аҳолии минтақа ва ҷаҳонро шикастаанд.
Чоршанбе, 13 Майи 2020 09:40

Охирин лабханд

Муаллиф:
“Рӯи Замин ҳеҷ чиз пойдор нест. Зиндагӣ монанди шарораест, ки аз истикоки (ба ҳам молиши –О.Х.) чӯб пайдо шуда, замоне рӯшан мешавад ва ду бора хомӯш мегардад. Вале мо намедонем аз куҷо омадаву ба куҷо хохад рафт”. Буддо Дар утоқи бошукӯҳе, ки бо шамъҳои мутааддиду хушбӯ рӯшан ва аз қолиҳои бемонанд мафруш (густурда – О.Х.) ва баданаи девор аз порчаҳои абрешумии гаронбаҳо пӯшида шуда буд, Рӯзбаҳон Бармакӣ, Озодбахт Бармакӣ, Гашвод Бармакӣ - раиси хироҷ, даври ҳам ҷамъ шуда буданд, то роҷеъ ба пешомадҳои дарбори Халифа машварат бикунанд. Кулоҳи онҳо пӯстии буланд ва хирқаҳои тирма пӯшида буданд. Ҷӯлӯашон (наздашон -О.Х.) ҷомҳои…
Баъди таҳияи харитаи пурраи кураи Замин, ки аз ҷониби аврупоиҳо дар асрҳои XV-XVI сурат гирифт, сиёсати геополитикии муосир вориди амал шуд ва дар асри нуздаҳум ба авҷи аълои худ расид. Албатта, пеш аз ин давра низ манфиатҳои давлатҳои қудратманд дар сатҳи фаротар аз қаламрави худ бо ҳам дар бархурд буданд ва дар ин рақобатҳо нишонаҳое аз сиёсатҳои геополитикӣ дида мешуд. Аммо онҳо характери минтақавӣ дошта кулли ҷаҳонро дар бар намегирифтанд. Сиёсати геополитикии муосир бошад кулли ҷаҳонро дар бар гирифта, аз он давра оғоз шуд, ки сиёсатмадорони аврупоӣ ба қавли Ҷон Анню “нигоҳе аз нокуҷо” ба “ҷаҳон дар маҷмуъ” андохтанд.[1] Тасвири…
Касе, к-ӯ боварии халқро арзанда мегардад, Ба ҳар кас дӯстрӯ, ҳар хонаро зебанда мегардад. (М.Турсунзода) Тоҷикон бо сарзамини зебоманзару мусаффояшон аз қадим чун миллати донишманд, бомаданият, босавод, ҷасуру тавону паҳлавон, косибу ҳунарманду деҳқон ва меҳмоннавозу меҳмондор шӯҳрат доштанд. Бештари муаррихону нависандагон, гардишгарону тоҷирони дохиливу хориҷӣ аз ҷумла Роберт Мидлетон ва Ҳав Томас тоҷику Тоҷикистонро дар китобе зери унвони "Тоҷикистон ва қуллаҳои баланди Помир" ба таври хос зикр карда, хотироташонро муфассал баён кардаанд, ки хонанда метавонад аз онҳо истифодаи маънавӣ пайдо кунад. Чунонеки дар ҳикмати халқӣ омадааст,"Бузургон шиносанд қадри бузургон" масалест, ки ишора ба он мекунад, ки "қадри зар заргар шиносад,…