JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 26 Августи 2019 09:02

Асолати забони тоҷикӣ дар Осиёи Миёна

Муаллиф:
Ҷойи ҳеҷ шакку шубҳа нест, ки тоҷикон қадимтарин сокинони муқимии ориёинажоду форсизабони Осиёи Миёнаанд ва забону адабиёти онҳо дар ин сарзамин таърихи ниҳоят қадим дошта, аз қаъри асрҳои пешин ибтидо мегирад. Ин ҳақиқатро дар ибтидои садаи сарнавиштсози XX устоди аллома Садриддин Айнӣ дар сарсухани «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) чунин ба қалам оварда буд: «Аз бозе, ки вақоеъро таърих қайд мекунад, то имрӯз дар диёри Мовароуннаҳр ва Туркистон чунонки як қавми муаззам ба номи тоҷик ё ки тозик истиқомат дорад, ҳамчунон забон ва адабиёти эшон ҳам ривоҷ ёфта омадааст. Ривоҷи забону адабиёти тоҷик дар Мовароуннаҳр ва Туркистон махсус ба асре, ё…
Аз замони ба даст овардани истиқлолият Тоҷикистон роҳи ғайриоддии худ, тасдиқнамоии давлатӣ, таҳкими истиқлолият ва ҷустуҷӯйи самти дурусти рушди ояндаро аз сар гузаронид. Ба шарофати соҳиби таҳаммулпазир будани халқ ва сиёсати одилонаи роҳбарият Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ вазъи ногувори ҷамъиятию сиёсӣ ва тағйироти харобовари иқтисодии солҳои 90-умро бартараф намуда, дар аввали асри XXI ба муваффақиятҳои бузурге ноил гардид. Маҳз ваҳдати миллӣ халқи моро аз хатари парокандашавӣ ва нобудшавӣ раҳоӣ намуд, роҳро барои муттаҳидӣ ва рушди босубот боз намуд. Дар Тоҷикистон сулҳу ваҳдат ва дар ҷомеа ризоият ҳукумфармо шуд, дар гузаронидани ислоҳоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва демократӣ дастовардҳои назаррасе ба даст омаданд.
Нақши оилаи дар ҷомеа муҳим буда, танҳо оилаи солим метавонад пешрафт ва раванди зиндагиро дар ҳолати муътадил нигаҳ дорад. Пеш аз ҳама оилаи солим фазои солиму латиф, осудагиву озодагӣ, нармию гармиро фароҳам месозад; дуюм оилаи солим насли солим, фарзанди солеҳу боодобу ахлоқи ҳамида ба дунё меорад; сеюм оилаи солим поя ва асоси ҷомеаро ташкил намуда, дар ташаккулу суботи ваҳдати ҷомеа кумак мекунад. Танҳо оила аст, ки ба аҳли хонавода, махсусан фарзандон беҳтарин арзишҳои маънавӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва хонаводагиро, ба мисли тарбия, омӯхтани забон ва гуфтору рафтор, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир, ватандӯстиву ватанпарварӣ, инсондӯстӣ, худшиносӣ ва хайру саодат таълим медиҳад. Зеро…
Мақолаи мазкур моҳияти ду мафҳумро, ки воқеан, дар мустаҳкам шудани истиқлолияти миллӣ нақши муҳим мебозанд, тавзеҳ дода, мубрамияти дарки амиқи онҳоро дар шароити кунунии рушди давлати соҳибистиқлоли миллӣ баррасӣ менамояд. Яке аз ин мафҳумҳо «идеяи миллӣ» ва дигаре «ҳувияти миллӣ» мебошад. Мо бояд аз он огоҳ бошем, ки дар таркиби мафҳуми «ҳувияти миллӣ», ки муталлиқ будани шахсро бар гурӯҳи муайяни иҷтимоии миллат - ҳамчун шакли олии ҷомеаи қавмии умумияти сиёсӣ, забонӣ, иқтисоду фарҳангидошта ва мардуми дорои хусусияти ягонаи равонӣ бударо ифода мекунад, инчунин, ҳисси сипосгузорию ҳимоят аз давлату Ватан, вафодорӣ ва садоқат нисбат ба давлат - ҳамчун макони рушди миллӣ…
Яке аз хусусиятҳои хоси ҷомеаҳои муосири демократӣ – ин дар ҳудудии онҳо самаранок амалӣ шудани худидоракунии маҳаллӣ мебошад. Низоми худидоракунии маҳаллӣ дар кишвари мо дар марҳилаи нави ислоҳот ва тағйирёбӣ қарор дошта, бо як қатор омилҳои хусусияти объективӣ ва субъективӣ дошта бархурд дорад. Дар шуури ҷамъиятӣ фаҳмиш оиди моҳияти худидоракунии маҳаллӣ баъди аз байн рафтани низоми тоталитарии Иттиҳоди Шӯравӣ аз нав ташаккул меёбад. То ин давра ҳатто аксарияти аҳолии маҳал дар бораи аҳамият ва мавҷудияти институти худидоракунии маҳаллӣ тасаввурот надоштанд. Ғайр аз ин, яке аз ҳадафҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро фароҳам овардани имкониятҳои нав барои худамалишавии шаҳрвандии шаҳрвандон ташкил медиҳад.…