Инсоният дар замони муосир шояд як марҳилаи аз ҳама мураккабу мушаввашкунандаи таърихро бо мушкилиҳои зиёди ба мисли фарқияти калон байни сарватмандон ва камбағалон, муборизаҳои геополитикии давлатҳои абарқудрат, ҷанги термоядроӣ, ифлосшавии атмосфераи замин, тағйир ёфтани флора ва фауна, гармшавии иқлим, пайдо шудани сўрохиҳо дар пардаи озонӣ, зиёд гардидани баъзе бемориҳои сироятӣ (ВНМО(СПИД), саратон ва ғ.), буҳрони демографӣ (дар кишварҳои қашшоқ зиёдшавӣ ва дар давлатҳои аз нигоҳи иқтисодӣ пешрафта камшавии аҳолӣ), терроризм, ҳуҷуми астероидҳо, нобаробарии иҷтимоӣ ва ғайраҳоро пушти сар намуда истодааст. Бар акси он, илми муосир рўз то рўз кашфиёти нав ба нав рўйи кор оварда, инсониятро аз мушкилиҳои бисёр наҷот…