Cайидо Насафӣ аз худ осори пурмазмун гузаштааст, ки онҳо дурдонаҳои таърихи адабиёту фарҳанги форсу тоҷик ҳисоб меёбанд. Мероси адабии Cайидои Насафӣ бою ғанӣ буда, аз девони ашъор, куллиёт, ғазалиёт, рубоиёт, қасидаву маснавиҳо, асари тамсилии «Баҳориёт» ва «Шаҳрошӯб» иборат аст. Дар ашъори Сайидои Насафӣ норозигӣ аз сохти иҷтимоӣ ва ахлоқии замонаш бисёр вомехӯрад. Ғазалҳои ишқии бисёре низ cурудааст. Cайидои Насафӣ яке аз бузургтарин мутафаккирони қарнҳои XVII-XVIII тоҷик буда, дар нимаи аввали қарни XVII дар Насаф (Қаршӣ) ба дунё омадааст. Cоли таваллуди Cайидои Насафӣ маълум нест. Cолҳои кӯдакии ӯ дар Насаф гузаштаанд. Баъд аз он Cайидо ба Бухоро омада, дар мадраса таҳсил…