Аз худбинӣ ба сӯйи хурдабинӣ (чанд андеша дар ҳошияи рӯнамоии китоби устод Иброҳим Усмон «Савганди сулҳофаринӣ» (-Душанбе: «Бебок», 2017. -132 саҳ.) Шоми 2 июни соли 2017 маҳфили «Гуфтугӯйи тамаддунҳо», ки чанд сол аст таҳти садорати донишманди тоҷик, профессор Иброҳим Усмон амал мекунад, доир гардид. Мавзӯи баҳс ин дафъа рисолаи ба тозагӣ таълифнамудаи устод Иброҳим Усмон таҳти унвони «Савганди сулҳофаринӣ» (-Душанбе: «Бебок», 2017. -132 саҳ.) қарор гирифт, ки ба муносибати 20-солагии Сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон бахшида шудааст, Дар рисола масоили сулҳи тоҷикон, мушкилоти самти марбута, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, фаъолияти Комиссияи…