JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Аз бомдоди пайдоиши ҷамъият ва зиндагии иҷтимоии инсон донишмандон дар баробари дидани камбудиҳо дар ҷамъият дар фикри сохтани як ҷомеаи идеалӣ буданд ва намунаҳое аз онро коркард карда буданд. Ҷомеаи идеалӣ-ҷомеаест, ки дар он баробарӣ ва бародарӣ ҳукмфармо буда, зиндагии шоиста барои ҳар як узви он фароҳам бошад. Тақсимоти баробари захираҳо, баробарии ҳама дар назди қонун, озодии виҷдон ва баробар меҳнат кардани ҳар як шаҳрванд аз хусусиятҳои ҷомеаест, ки инсоният дер боз орзуяшро мекунад. Аммо то имрӯз ягон шакли ҷомеа ва ягон маҷмӯи қонуну қоидаҳо дар онҳо натавонистаанд ин орзуи деринаро амалӣ намоянд.
Тоҷикон дар рушди фарҳанги башарӣ аз замонҳои бостон то имрӯз бо ҳунарҳои гуногуни мардумии худ ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Агар ба сарчашмаҳои таърихӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ, осори адабии классик ва рӯзгори кунунии мардуми тоҷик нигоҳ намоем, ба пеши назар ҳунарҳои зебое ҷилвагар мешаванд, ки ҳазорон сол аст онро тоҷикон то замони мо овардаанд. На фақат овардаанд, балки нишонаҳои фарҳанги бостонии хешро дар пайванд бо табиат, дар ҳунарҳои мардумӣ инъикос кардаанд, ки ин нукта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оқилона ва одилона чунин садо дод:
Дар ҷомеаи имрӯза зиндагии одамон, алалхусус ҷавонон чунин таҳрезӣ шудааст, ки рафтору кирдори онҳо пурра ба хоҳиши худашон вобаста набуда, дар доираи қоидаҳои аз ҷониби аъзоёни ҷомеа мақбулгаштаю муайянгардида, яъне бо ибораи илмӣ арзишҳо ва меъёрҳои иҷтимоӣ сурат мегиранд.
Панҷшанбе, 04 Январи 2018 06:07

ЗАБОН АСОСИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ АСТ

Муаллиф:
ДУШАНБЕ, 23.12.2017./АМИТ «Ховар»/. Мақолаи президенти АИ Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ «Забони миллати тоҷик — забони тоҷикист!», ки АМИТ «Ховар» нашр намуд (ниг.:www.Khovar.tj, 14 декабри соли 2017), миёни истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ боиси мубоҳиса ва мунозараи васеъ гардид. Ағлаби онҳое, ки бо ҳам баҳс оростаанд, аз мавқеи академик Фарҳод Раҳимӣ ҷонибдорӣ мекунанд. Ҳоло як мақолаи дигарро бо номи «Забон асоси ҳастии миллат аст», ки ба қалами яке аз забоншиносони маъруфи кишвар, сармуҳаррири маҷаллаи миллии адабии «Садои Шарқ» Рустами Ваҳҳоб тааллуқ дорад ва далели нишонаи ҳувияти миллӣ будани забони тоҷикиро собит месозад, пешкаши хонандагон менамоем. Ин мақола се сол пеш дар «Садои Шарқ» ба…
Панҷшанбе, 04 Январи 2018 06:03

ЗАБОНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК – ЗАБОНИ ТОҶИКИСТ!

Муаллиф:
ДУШАНБЕ, 14.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар баъзе расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои бесарунӯг ва аслан бемаъние доман паҳн кардаанд ва ҳар кадом аз ашхоси гуногун дар дохил ва хориҷи кишварамон кӯшиш мекунад ба савол дар бораи он ки забони мардуми Тоҷикистон бояд чӣ ном дошта бошад, аз рӯи фаҳмиши худ посух бигӯяд. Дар ин бора – нигориши навбатии президенти Акдемияи илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод РАҲИМӢ: