Омӯзиши таҷрибаи татбиқи равандҳои таҳаввулотӣ дар фаъолияти СММ дар равандҳои муосири байналмилалӣ яке аз масъалаҳои муҳими илми сиёсатшиносии байналмилалӣ ба шумор рафта, аз масоили хеле ҷолиб мебошад ва пеш аз ҳама, дар таҷрибаи амалии дпломатии кишварҳое монанди Тоҷикистон амри рӯз ва зарурати муҳим ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд, пеш аз ҳама, бояд осори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин таҳқиқоти илмӣ ва таҳлилҳои олимони пешсафи соҳа, монанди О.В.Метелина, Г.И.Курдюков, Р.М.Тимербаев, А.Н.Калядин, П.В.Комаров, А.А.Арбатов, Е.Примаков, Бзежинский З., Коэн А., инчунин Назаров Т.Н., Олимов Р., Маҳмадов А.Н., Раҳматуллоев Э., Юлдошев И., Қосимов Э.,…