JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 20 Марти 2018 06:52

Номи Зиндагӣ Наврӯз шуд!

Муаллиф:
Номи Зиндагӣ Наврӯз шуд! (Табрикоти наврӯзии ҳайати кормандони Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои ҶТ) Наврӯзи фурӯзанда – ин ойини дерина, Ҳаргиз написандида ҷаҳлу ситаму кина. Аз матлаи устурӣ то мақтаи таърихӣ, Ҷамшед ба Наврӯзӣ як ҳалқа, ҳаройина.
Наврӯзи бостонӣ ва марҳилаҳои худшиносии миллӣ (мулоҳизаи муқаддамотӣ) Наврӯз, ки чанд сол аст, тибқи муқаррароти Созмони Милали Муттаҳид дар тамоми дунё санаи 21 март мавриди таҷлил қарор мегирад, дар баробари дигар муқаддасоти миллию аҷдодӣ аз муқаддасаи муҳим ва гиромии таърихи фарҳангу тамаддуни муосири тоҷик маҳсуб ёфта, бори масъулияти ҳамзистию ҳамгироии милалу халқиятҳои қаламрави Тоҷикистонро бар дӯш дорад. Собиқаи таърихӣ ва фарҳангии ин ҷашни инсонсоз гувоҳӣ медиҳад, ки он ҳамеша ҷонибдори саодату пирӯзии навъи башар буда, инсонро ба сӯйи ҳамдигарфаҳмию вафодорӣ, некуйиву меҳрварзӣ, хирадмандию ақлгаройӣ, собитқадамию устуворӣ, хештандорию худогоҳӣ, худшиносию ҳувиятписандӣ ҳидоят намудааст ва бо гузашти қарну асрҳои мадид суннану хасоиси…
Дунёмадорӣ ва ояндаи низоми давлатдории миллӣ (гузориши иҷмолӣ аз ҷараёни кори маҳфили «Ҷаҳони андеша» дар мавзӯи ««Тоҷикистони пасошӯравӣ: дунявият ва хурофагаройӣ») Санаи 13 марти соли ҷорӣ, соати 14:00 дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии «Ҷаҳони андеша» бо ҳузури муаррих, шарқшинос ва исломшиноси тоҷики муқими Руссия, доктори илми таърих, профессор Раҳимбек Бобохонов доир гардид. Дар маҳфил гузориши устод Раҳимбек Бобохонов дар мавзӯи «Тоҷикистони пасошӯравӣ: дунявият ва хурофагаройӣ» мавриди истимоъ ва баррасӣ қарор гирифт.
 Вақте ки роҷеъ ба зан суҳбат мекунем, дар ҳама ҳолат, бидуни эҳсосу авотиф ҳарф задан мушкилӣ пеш меорад, чаро ки зан маҷмӯаи эҳсосу отифат ва самимияту муҳаббат аст. Аз бомдоди таърихи башарӣ то имрӯз зан ба сифати ҷинси муҳим ва калидии зиндагӣ дар масири умри инсонӣ гом мебардорад ва бо муҳаббату латофат, самимияту назокат, меҳру шафқат, вафову садоқат ва билохира шарофату наҷобат зиндагиро рангину дӯстдоштанӣ месозад. Беҳуда нест, ки ин Олиҳаи зиндагиро бузургони башар дар баробари Худо «Офаридгори Дувум» унвон додаанд ва ин тавсиф бад-он хотир аст, ки зан ва модар тавлидгари насли инсонист ва шабеҳи Худованд, ки дар адёну…
Республика Таджикистан относится к странам с развивающимися миграционными процессами, среди которых наблюдается разнообразие видов миграции населения, непосредственно связанной с перемещением граждан страны и иностранных граждан внутри государства и за ее пределами. Тем самым такое перемещение граждан можно распределить по двум направлениям. Первое, когда миграция людей происходит на территории конкретного государства и второе, когда миграция приобретает международный характер.