JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ривоят ҳамчун маъмултарин жанри эҷодиёти бадеии шифоҳии мардумӣ буда, аз ҷиҳати пайдоиш ба давраҳои мухталифи таърихи мансуб аст. Он бо вижагиҳои худ ба ҳайси яке аз анвои насрии адабиёти шифоҳӣ шинохта мешавад. Теъдоди зиёди ривоятҳо ба замонҳои хеле қадим реша меандозанд ва аз ҳамон давараҳо то ба имрӯз аз наслҳо ба наслҳо интиқол ёфта, мавҷудияти худро то имрӯз ба ҳайси як сарвати пурарзиши маънавию фарҳангӣ ҳифз карда омадаанд.
Фалсафаи ҷаҳонӣ аз фалсафаҳои миллӣ таркиб ёфтааст. Фалсафаи миллӣ ҷузъ асту фалсафаи ҷаҳонӣ, кулл. Ин ба ҳама маълум аст. Мисол: Носири Хусрав дар «Девон»-аш файласуфи миллист ва дар «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн» файласуфи ҷаҳонӣ...Биёед дар нукта чун урупоиёни муосир дақиқ шавем:
«Агар касе гузаштаи худро надонад, инсони комил нест». Эмомалӣ Раҳмон Миллати тоҷик таъриху фарҳанги бою пурғановатро соҳиб мебошад. Тамаддуни фарҳангӣ ҳамагуна ҷомеаро ба сўйи воқеияти зиндагӣ ҳидоят мекунад, зеро фарҳанг моҳияти зиндагии инсонро ифода карда, ҷавҳари онро инсон, зиндагӣ ва ояндаи ў ташкил медиҳад. Мардуми ориёиасл ҳанўз дар оғози пайдоиш ин ҷавҳарро хуб дарк карда буд. Ин буд, ки гомҳои нахустини худро бо фарҳанг оғоз карданд, зеро фарҳанг таъмингари меҳру дод ва истиқлолу озодӣ дар ҷаҳон аст.
Панҷшанбе, 15 Ноябри 2018 10:08

Рӯзи ҷаҳонии Фалсафа

Муаллиф:
 Мавзӯи Рӯзи фалсафа дар соли 2018 - мубрамтарин масоили марбут ба ҳастӣ дар баробари чолишҳои ҷадид, инчуини таҳлили вобастагии фалсафа ва санъат, мебошад. Тавре Котиби генералии ЮНЕСКО Одри Азуле фармудааст –Фалсафа такягоҳе бар зидди заифии ақлу андеша аст». Ва ин фармуда хеле хуб амазмун ва муҳтавои ғоявии Рӯзи ҷаҳонии фалсафаро, ки дар арсаи ҷаҳонӣ панҷшанбеи сеюми моҳи ноябр таҷлил мегардад, ифода менамояд. Имсол он ба 15 ноябр мувофиқ омада, дар ин рӯз ҳамаи онҳоеро, ки ҳикмат ва маърифатро дӯст дошта ҳаёти худро бидуни пурсуҷӯ, омӯзиш ва тахқиқот тасаввур намекунанд, табрик ва муборакбод менамоем. Иқдоми ҷашнгирии рӯзи ҳикматдӯстон дар арсаи ҷаҳон…
Анис Мансур файласуфи муосири Миср аст. Соли таваллудаш 18 августи соли 1924. Зодгоҳаш шаҳри ал-Мансура дар вилояти Дақҳалияи Ҷумҳурияи Мисри Араб. Вафоташ 21 октябри 2011 дар шаҳри Қоҳира. Аз бемории варами шуш вафот кардааст. Бо хонум Риҷоъ Мансур издивоҷ кард. Ҳар ду ба ин маслиҳат расиданд, ки бояд фарзанде надошта бошанд. Чаро ки барои фаъолияти эҷодии ҳар дуяшон халал ворид мекунад. Ҳамин тавр, то охири умр бефарзанд боқӣ монданд. Солҳои 1950-2001 солҳои фаъолиятҳои эҷодии ӯ буд.