JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 18 Январи 2019 06:35

Ҷашни “Сада” - мужда аз Наврӯз

Муаллиф:
Ҳар кас, ки таърихи гузаштаи худро надонад, ояндаи худро сохта наметавонад. Эмомалӣ Раҳмон «Сада» худ чӣ гуна ҷашн аст ва аз куҷо сарчашма мегирад? Чаро зарурати ҷашн гирифтани он ба миён омад? Фарқияти ҷашни Сада аз Наврӯзу Меҳргон дар чист? Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ, “Сада” ба мисли Наврӯзу Меҳргон таърихи қадима дошта, умед ба рӯзи нав, яъне Наврӯзи оламафрӯз мебошад. “Сада” низ мисли ҷашнҳои Меҳргону Наврӯз аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёитабор ба шумор меравад, ки онро ҳар сол 10 - уми баҳманмоҳи солшумории шамсӣ, ки ба 30 - юми январи солшумории мелодӣ рост меояд, ҷашн мегиранд. “Сада”- ин пирӯзии рӯшноӣ бар…
Устоди аллома Садриддини Айнӣ (1878-1954) на танҳо дар амри бақову пойдорӣ ва нузҳату шукуфоии забони модарии мо дар садаи сарнавиштсози XX, метавон гуфт, нақши ба истилоҳ «калидӣ» дорад, балки фароянди таърихии ба марҳалаи нави рушду такмил ворид шудани забони тоҷикӣ ва ба зуҳур пайвастани дигаргуниҳои куллӣ дар ин забон низ бо кору пайкор ва осори мондагори ӯ сахт алоқаманд аст. Устоди муаззам Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ, ки аз нахустин бунёдгузорони мактаби айнишиносӣ дар Тоҷикистон ва аз бузургтарин устодони ин мактаб эътироф шудааст, роҳу равиши устод Айниро дар забон роҳу равиши бузургони дирӯзу имрӯзи миллат, роҳи пайванд ҷустан ба аслу асолати хеш…
Замони давлатдории Аштархониён (1599-1753), ки ин давлатдорӣ дар таърих ҳамчунин бо номи давлатдории хонадони Ҷониён низ ёд мешавад, аз даврони пурошӯбу пурфоҷиаи мардуми тоҷик ба сифати мардуми асосӣ ва муқими сарзаминҳои тобеи ин давлати хонӣ ба ҳисоб меравад.
Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ (1207-1273) бидуни муболиға аз бузургтарин устодони забону адаби мо барои ҳамаи давру замонҳост, ки бо гузашти солҳову садсолаҳо сухани баланди тобнокаш беш аз пеш ба дидаҳо зиёву нур ва ба дилҳои аҳли завқ шодию сурур мебахшад ва барои ҳифзи шевоию асолат ва пойдорию устувории забони тоҷикии имрӯзу фардо хидмат мекунад. Бузургии ӯ дар офаридани сухани зебову шевои тоҷикона ба ҳаддест, ки тибқи баъзе ривоёт муҳаққақтарин устодони забони модарии мо, чун шайх Саъдӣ (1184-1291) ҳанӯз дар замони зиндагияш шефтаву шайдои сурудаҳои ӯ гаштаанд.
«Истина видна на расстоянии» - так гласит народная мудрость. История – это процесс познания людей о своём прошлом. Именно «прошлое», ибо оно продолжительно и наверняка бесконечно. Тысячу лет прошло от образования централизованного таджикского государства Саманидов.