JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 13 Феврали 2019 06:26

Нигоҳе ба айёми Наврӯз

Муаллиф:
Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ҷашни мардуми ориёӣ буда, то имрӯз мавқеияти худро гум накардааст ва онро ҳамчун иди суннатӣ бо шодмониву хурсандӣ дар шаҳру вилоят ва ноҳияву деҳот бо базму тараб ва пухтупазҳои солинавӣ-баҳорӣ барои баракату фаровонӣ бо шодобӣ ҷашн мегирифтанд. Ин ид ва ё анъанаи фараҳбахш то имрӯз ҳам давом дорад ва боз ҳам ҷашнгириву тарғибу ташвиқи он ҳамчун иди баҳор, иди кишту кор ва заминагузорӣ барои ҳосили сол ва тару тоза намудани гулгашту хиёбонҳо дар кишварамон идома ёфта истодааст.
 Мазҳаби зиндадилон хоби парешоне нест, Аз ҳамин хок ҷаҳони дигаре сохтан аст! Иқболи Лоҳурӣ Дар замони ҷаҳонишавӣ, авҷи хатари ваҳшатафганӣ (терроризм), дар ҳоли камранг ва заиф шудани эҳсоси масъулияти фардӣ ва иҷтимоии инсонҳо дар назди ҳамнавъон ва умуман, суст шудани эҳсоси ҷавобгар будани ҳар як инсон (ва давлатҳо) дар назди қавонини байналмилалӣ ва суботу сулҳи пойдор дар ҷаҳон аз ҳарвақта муҳим аст, ки мо дар бораи ватан ва хоку замини аҷдодии худ бештар фикр бикунем ва барои ғановату пешрафти ватану ватандорони худ амал бикунем. Маълум аст, ки ватан барои ҳар як фард, аз он ҷумла барои тоҷикон, аз хонаву кӯча…
Почему мы используем арабское слово «Аллах», когда есть «Худо», «Иншаллах», когда есть «Худо хоҳад», «Аллаху акбар» когда можно сказать «Худо бузургтарин аст» и «Би-сми-Лляхи-р-рахмани-р-рахим» когда можно сказать «Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон»? Переводы могут показаться не так красиво изложенными, как в оригинале, но каждый может прочитать и понять смысл этих фраз. Тем не менее, когда дело доходит до Корана, некоторые придерживаются мнения, что переводы в этой области не будут соответствовать всем другим сферам человеческого знания. Когда говорят, что Коран нельзя перевести хорошо, это означает, что ни одна идея не может быть переведена правильно.
Дар ҷомеаи имрӯза шароите пеш омада, ки баҳри дарёфти роҳҳои таълиму тарбияи босифат, инкишофи қобилиятҳои зеҳнӣ, ташаккули тафаккури мантиқӣ, техникӣ ва камолоти маънавии шогирдон омӯзгорону волидон саҳми боризе дошта бошанд. Зеро хоса аҳли ҷомеаро дар шароити рушду инкишофи имрӯзу ояндаи кишвар ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонии пешқадам, аз ҷумла ба дигар намудани низом ва меъёрҳои баҳодиҳӣ ба сифати дониш, маҳорат ва малакаи хонандагону донишҷӯён бисёр ба маврид ва зарурӣ мебошад. Тибқи маълумотҳои оморӣ 38%-и аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва бояд ҳамаи ин 38% соҳибмаърифат, боистеъдод ва фаъол бошанд, зеро ояндаи кишвари азизи мо дар дасти ҷавонон аст.
Сешанбе, 22 Январи 2019 03:30

Маънишиносии вожаҳои Меҳргон ва Сада

Муаллиф:
Дар ганҷинаи пурғановати забони модарии мо чун гавҳари хушоб ва дурри ҷаҳонтоб вожаҳои асилу сараи ба истилоҳ «аҳуроӣ» маҳфузанд, ки реша дар умқи таърих дошта, ба суннат ва расму ойинҳои қадими мардуми мо иртиботи қавӣ доранд ва гузаштаи дури пурифтихори моро ба имрӯз ва имрӯзи моро ба фардои дурахшони он пайванд медиҳанд. Вожагоне аз қабили наврӯз, меҳргон, сада, ки номи ҷашнҳои қадими мардуми моро ифода мекунанд, дар ҳамин шуморанд. Дар бораи шинохти вожаи асили тоҷикии наврӯз, ки аз назари решашиносӣ ва сохтмони дастурӣ таркиби детерминатив (composita determinativa), яъне вожаи мураккаб буда, дар қолаби татпуруша (A+N) сохта шудааст ва Абурайҳони Берунӣ…