Чанд сол қабл дар рӯзномаи «Фараж» (№33 (454), 12.08.2015) таҳти унвони «Яҳуд чаро дунёгир шуд?» матлабе ба нашр расида, ки оид ба масъалаи яҳудият ва исломият баҳсҳоро ба миён овард. Ба андешаи муаллифи мақола, дар 105 соли охир аз яҳудиён, ки шумораашон дар саросари олам бештар аз 13 млн. нафар аст, 180 кас сазовори Ҷоизаи нобелӣ гардиданду аз миёни мусалмонон, ки 1,4 млрд. мардуми сайёраро ташкил медиҳанд, танҳо се нафар ин ҷоизаро ба даст оварданд. Ҳарчанд ин сухан каломи нав нест, вале дар байни хурофотпарастону мутаассибин норозигӣ ва сарусадоҳои зиёдеро ба бор овард. Бо вуҷуди норозигиҳои хурофотпарастону мутаассибони ҷомеаи мо…