JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
 Миллати Озарбойҷон ба монанди тоҷикон решаҳои куҳан ва таърихи қадима дорад. Дар асри X-и пеш аз мелод дар ҳудуди давлати Озарбойҷони кунунӣ заминаҳои бунёди аввалин давлатҳои қудратманди он замон, ба монанди Мания ва Модияро дар саҳифоти таърих сабти ном кардаанд, ки таҳти тасарруфи онҳо дар тӯли зиёда аз 300 сол миллат ва халқиятҳои зиёд умр ба сар бурда, барои ташаккулёбии хеш шароити мусоид фароҳам оварда буданд.[1] Таърих гувоҳ аст, ки он замон бо назардошти бо суръат пайдошавии давлатҳои зиёди ғуломдорӣ, набардҳои шадид бо мақсади ҳарчӣ бештар васеъ намудани ҳудуди давлати худ ба мушоҳида мерасад. Дар ин замина, дар асри VII-и…
 Бо ба имзо расонидани Созишнома оид ба ташкили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар фазои пасошӯравӣ аз ҷониби роҳбарияти се кишвар (ҶШФР, Украина, Белорус) аз 8 декабри соли 1991 ба дигаргунсозиҳои демократӣ асос гузошта шуд. Созишнома, ки аз муқаддима ва 14 модда иборат буд, бо моҳияти аслии худ ба таври куллӣ тақдири ИҶШС-ро ҳал намуд.[1] Тибқи моддаи 2-и ҳамин Созишнома, Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шўравӣ Сотсиалистӣ ҳамчун субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳаққонияти геополитикӣ мавҷудияти худро ба итмом расонид.
Чоршанбе, 13 Марти 2019 05:42

Шеъри рӯз: Наврӯзи умри одамӣ

Муаллиф:
 Худро кунам суҷуде, дунё дуо надорад, Дар тору пуди ҳастӣ маънӣ садо надорад. Бо сеҳри худфиребӣ, дил бо нигор додем, Афсӯсу сад надомат, к-он ҳам вафо надорад.
Дар асл бисёр тахлилгарон имрӯз бунёди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро тақозои замона мешуморанд. Бояд ёдовар шавем, ки дар миёнаи солҳои ҳаштодум бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ, яке аз давлатҳои абарқудрати он замон, Иттиҳоди Шӯравӣ рӯ ба сукут овард. Сабабҳо дар асл бешумор буданд. Аммо муаррихон ва таҳлилгарони бисёр давлатҳо, сабабҳои асосии чунин ранг гирифтани масъаларо дар татбиқи ислоњотҳои иқтисодии Михаил Сергеевич Горбачёв мансуб медиданд.
Дар мақола самтҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мубориза бар зидди коррупсия, барои таъмини амнияти иқтисодии давлат, бо роҳи таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст. Зеро коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад. Мубориза бар зидди ин падидаи ногувор ва паст кардани сатҳи онро ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода шудааст.