JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
15 ноябри соли 2019 бо ибтикори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ҶТ конференсияи илмӣ-амалии «Академик Р.Масов ва рушди илми таърихи ватанӣ», ба ифтихори 80 солагии зодрӯзи академик Раҳим Масов (дар маҷлисгоҳи АИ ҶТ соати 10.00) баргузор шуд, ки дар он олимони институтҳои Академияи илмҳои ҶТ, ходимони намоёни давлатӣ, вакилони МН МО ҶТ, намояндагони макотиби олии кишвар ва донишҷӯёну магистрҳо, ҳаводорони ӯстод ширкат варзиданд.
Иқтидори туристии минтақаҳои туристӣ яке аз заминаҳои асосии тараққиёти туризм ба ҳисоб меравад. Таҳлили ҳамаҷонибаи ҳудуд бо дороии иқтидорҳои зиёди табиӣ-захиравӣ дар асоси истифодаи методологӣ чунин роҳи истифодаи онро пешниҳод менамояд. Ба ҳудудҳои туристӣ- рекреатсионӣ як қатор хосиятҳоро нисбат медиҳанд:
Душанбе, 11 Ноябри 2019 09:36

Қадами хайру нияти нек

Муаллиф:
Мақом ва манзалати як фард дар ҷомеа аз чи иборат аст? Оё, як фард метавонад дар таърихи инсоният нақши ҳалкунанда ва муҳим дошта бошад ва ҷомеаро бо тамоми ҳастияш дигар созаду боиси ифтихори мардуми он ҷомеа гардад? Таърихи инсоният доир ба ин суолҳо ҷавоби мусбат дорад ва ҳоҷат ба такрор нест ва танҳо ҳаминро мегӯям, ки ба қавли бузургҳо қадами хайру нияти неки як нафар метавонад баракату раҳмат биёрад ва сарзаминашро сарсабзу мардумашро саодатманд кунад ва баръакс як қадами нохайру тинати нопок боиси нобудии баракат ва бадбахтии башар мегардад. Кишвари мо пас аз барҳамхурии Иттиҳоди шуравӣ кулли бадбахтиву балоҳоро аз…
Панҷшанбе, 31 Октябри 2019 04:31

Низоми иҷтимоӣ. Нақши дунявият ва диният

Муаллиф:
Шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳо, ки боиси низоъ ва даргириҳои зиёди хунин дар минтақаҳои гуногуни сайёра, бавижа дар кишварҳои мусулмонӣ гардидааст, давлатҳо ва ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда, дар пайи андешидани тадбиру чораҳои муассир саргардон кардааст. Суистифода аз дини ислом, парокандани тухми кинаву адовати мазҳабӣ, нохун задан ба эҳсоси мазҳабии мардуми минтақаҳои Ховари Миёна барои таҳиягарони сенарияҳои сиёсӣ ба ҳайси абзори асосӣ хидмат мекунад. Зиёда аз ин, дар заминаи бархӯрдҳои мазҳабӣ ва шикастани ҳувияти миллии мардум низомҳои динӣ - мазҳабӣ дар минтақаҳо ба вуҷуд оварда мешаванд ва сохтори сиёсӣ бар асоси сиёсати мазҳабӣ шакл гирифта, барномаи сохтмони давлатҳои динӣ…
Дар ташаккулу таҳаввули афкори миллӣ ва сиёсии мардуми тоҷик ормонҳои бостонии миллӣ, ки дар бовару асотири қадимӣ таҷассум ёфтаанд, ҷойгоҳи вижа доранд. Гузашта аз ин, тайи таърихи тӯлонӣ бовару ормонҳои мардумӣ ва миллӣ дар созмон ёфтани тахайюл, тафаккури эҷодию воқеӣ - реалистии мардуми тоҷик саҳим буда, ҷараёни рушду тавсеаи биниши миллӣ ва тафаккури сиёсию дунявиро таҳкиму тақвият бахшидаанд.